Муҳаммадрафии Кароматулло

сарояндаи тоҷик
(Тағйири масир аз Муҳаммадрафи Кароматулло)

Муҳаммадрафи Кароматулло (14 январи 1986, Душанбе) — овозхон ва оҳангсози тоҷик. Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (2021).

Муҳаммадрафи Кароматулло
Муҳаммадрафи Кароматулло
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 14 январ 1986(1986-01-14) (38 сол)
Зодгоҳ Душанбе,  Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Соз асбобҳои клавишӣ[ru], аккордеон
Сабк

Зиндагинома вироиш

Муҳаммадрафи Кароматулло 14 январи соли 1986 дар оилаи овозхони номдори тоҷик Кароматуллои Қурбон ба дунё омадааст. Шӯҳрати Муҳаммадрафи Кароматулло аз солҳои 2006 дар байни мардуми суруддӯст баланд шудааст. Ҳунарнамоиҳои Муҳаммадрафи Кароматулло дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён шуд ва мардум сурудҳои ин ҳунармандро бо ишқу муҳаббат гӯш мекунанд. Ҳоло Муҳаммадрафи роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳараш Нозияи Кароматуллоҳ узви ин ансамбл мебошанд.[1]

Муҳаммадрафии Кароматулло аз соли 2006 инҷониб бо муҳандиси садо Олим ШириновJC Records Studio») ҳамкорӣ дорад, ки беш аз 100 таронаи ӯро сабт кардааст[2].

Ҷоизаҳо вироиш

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июл 2021 №213, Муҳаммадрафи Кароматулло бо унвони фаҳрии «Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз шудаст.[3].

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Зодрӯзи ҳунёгари нотакрор(тоҷ.). tajikistantimes.com (29 ноябри 2018). 29 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 ноябри 2018.
  2. «JC Records Studio» ISNI ID
  3. Писари Кароматулло Қурбонов Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шуд(рус.). sputniknews.ru (18 августи 2021). 18 августи 2021 санҷида шуд.