Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ

Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ (? — 1644) — муншӣ, хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ

Зиндагинома

вироиш

Писари Мирабдуллоҳи Тирмизии Мушкинқалам. Дар аҳди Шоҳиҷаҳон дар Ҳиндустон зистааст. Шоҳиҷаҳон ӯро ба аморати яке аз вилоятҳо серфароз гардонидааст. Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ ғайр аз хаттотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ шеър эҷод мекард. Ба тоҷикӣ Кашфӣ, ба ҳиндӣ Субҳонӣ тахаллус дошт. Намунаи ашъораш дар баёзҳо вомехӯрад.

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ / А. Нуров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).