Муҳаммадшариф Сулаймонов

Муҳаммадшариф Сулаймонов (Маҳмадшариф Сулаймонов; зод. 1 январи 1953, деҳаи Рованд, ноҳияи Ванҷ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — куштигири тоҷик, Устоди варзиши ИҶШС, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Довари дараҷаи олии байнулмилалӣ.

Муҳаммадшариф Сулаймонов
Маҳмадшариф Сулаймонов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус куштӣ
Зодрӯз 1 январ 1953(1953-01-01) (71 сол)
Зодгоҳ Рованд, ноҳияи Ванҷ, ВМКБ, Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Муҳаммадшариф Сулаймонов 1 январи соли 1953 дар деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст[1]. Соли 1970 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1986 мураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон ва соли 2000 сармураббӣ буд[2].

Муҳаммадшариф Сулаймонов қаҳрамони биступанҷкаратаи Тоҷикистон дар самбо ва кӯштӣ, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон байни собиқадорон аст.

Ӯ дар бештар аз сӣ сол шогирдони зиёдеро ба тарбият кардааст. Ду нафари онҳо — Хушқадам Хусравов дар соли 2018 ва Акмалиддин Каримов дар соли 2021 — ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштанд[3].

Унвону ҷоизаҳо вироиш

  • Устоди варзиши Тоҷикистон дар куштӣ,
  • Устоди варзиши ИҶШС дар самбо ва ҷуду,
  • Ходими хидматнишондодаи варзиши Тоҷикистон,
  • Ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2002),
  • Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010).

Эзоҳ вироиш

  1. Ибодуллоҳи Тоир. 60 соли сарафрозӣ. www.ozodagon.com. Озодагон (27 Декабри 2012). 14 марти 2021 санҷида шуд.
  2. Шамсулло Фозилов. Сулаймонов: Ман ҳеҷ гоҳ аз гиребони Саидмуъмин Раҳимов нагирифтам(тоҷ.). Фараж (30 Декабри 2022). 11 Январ 2023 санҷида шуд.
  3. Нарзуллоҳи Латиф, Барот Юсуфӣ. Муҳаммадшариф Сулаймонов: “Умри ману ту бо ину он мегузарад”(тоҷ.). Радиои Озодӣ (1 Январ 2023).