Муҳаммадяҳё Салтанат
Муҳаммадяҳё Салтанат (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бино ба маълумоти Малеҳои Самарқандӣ Салтанат соҳиби истеъдоди баланди шоирӣ буда, дар ашъораш мазмуну образҳои нави бадеиро бисёр истифода бурдааст. Шоир ба камбағалон таваҷҷӯхи хосе дошта, ҳамеша шарики ғаму шодии онҳо буд. Аз ашъори Салтанат дар «Музаккиру-л-асҳоб» 3 байти як ғазал намуна оварда шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Салтанат Муҳаммадяҳё / С. Саъдиев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).