Муҳаммадҷон Қосимов

Муҳаммадҷон Қосимов (9 майи 1907, Риштон — 5 июли 1971, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамои тоҷик ва шӯравӣ. Яке аз саромадони театри касбии тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР (1941).

Муҳаммадҷон Қосимов
Сурат
Таърихи таваллуд 9 май 1907(1907-05-09)
Зодгоҳ Риштон, Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 7 июл 1971(1971-07-07)
Маҳалли даргузашт Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар
Пеша ҳунарпеша
Ҷоизаҳо
Ордени Ленин — 1941 Ордени Ленин — 1957 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат — 1949 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат — 1954
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
Артисти халқии СССР— 1941

Зидагинома вироиш

Муҳаммадҷон Қосимов баҳори соли 1907 дар яке аз деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Падараш саҳҳоф буда, китобдӯст ва хаттоти хуб буд. Муҳаммадҷон ҳанӯз дар синни ҳашт Қуръонро хонда фароварда буд. Вай аз хурдсолӣ мусиқиро дӯст медошт.

Муҳаммадҷон Қосимов дар 9-солагӣ аз падар ҷудо шуд ва модар вайро маҷбуран ба шогирдии устои кафшдӯз дод. Модар ҳарчанд бори гарони зиндагиро бар дӯш гирифта буд, боз ҳам мехост писараш саводнок бошад ва Муҳаммадҷонро ба мактаб дод. Вай дар мактаби куҳна хонда, мустақилона бо ашъори баландмазмуни Ҳофиз, Саъдиву Бедил шинос шуда, саводашро пурра мекард[1].

Муҳаммадҷон Қосимов пас аз мактаби куҳна дар интернати шуравӣ, муддате дар Техникуми педагогии Қӯқанд ва Техникуми кооперативии Тошкент таҳсил кардааст. Соли 1929 дар Риштон гурӯҳи (труппаи) драмавӣ ташкил медиҳад ва ба эҷодиёт шурӯъ мекунад. Аз ибтидои соли 1931 то охири умр Ҳунарпешаи Театри давлатии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ). Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР (1944), Итифоқи кинематографистони СССР (1961) буд. Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1950). Қосимов маълумоти касбӣ надошт. Бинобар ин худомӯзӣ намуда, аз режиссёрҳои театр сабақ гирифтааст.

Эҷодиёт вироиш

Қосимов пеш аз ҳама дар иҷрои нақшҳои калони драмавию фоҷиавӣ дар театр комёб шудааст. Образҳои офаридаи ӯ барҷастаю бошукӯҳ баромада, дар айни ҳол сиришти поки инсонӣ доштанд.

Нақшҳо дар театр вироиш

  • Арслон, Саримсоқ — «Ду коммунст» ва «Оташмезанем»-и К. Яшин;
  • Ҳайдарбек — «Духтари чӯпон»-и Валидов;
  • Берест — «Платон Кречет»- и А. Корнейчук;
  • Раҳимбек («Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода, 1941);
  • Отелло ва Лир («Отелло» ва «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, 1939, 1957),
  • Ҳокими шаҳр («Ревизор»- Н. Гоголь, 1946, 1952),
  • Муравьёв («Ғолибон»-и Б. Чирсков, 1947),
  • Ҳусайни Бойқаро («Алишери Навоӣ»-и Уйғун ва И. Султон, 1949),
  • Арслон («Номуси оила»-и Ҳ. Мухторов, 1949),
  • Солеҳбой («Бой ва хидматгор»- Ҳ. Ҳакимзода, 1957),
  • Мадаминбек («Ҳурият»-и Ғ. Абдулло, 1964),
  • Амир Темур («Қиссаи модар», дар асоси ҳикояҳои М. Горький, 1968) ва ғ.
Қосимов дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ҳам муваффақият пайдо кард
  • Менго («Чашмаи гӯсфандон»-и Лопе де Вега, 1942),
  • Каримов («Шодиёна»-и М. Зокиров, 1950),
  • Таърифхӯҷаев («Таърифхӯҷаев»-и А. Деҳотӣ ва Б. Раҳимзода, 1953),
  • Мавлон («Сӯзании шоҳӣ»-и А. Қаҳҳор, 1953) ва ғ.

Қосимов дар спектаклҳои Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский чун — «Соати бурҷи Кремль» ва «Одами милтиқдор»-и Н. Погодин, «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда»- В. Вишневский роли И. В. Сталинро бозидааст.

Нақшҳо дар синамо вироиш

  • Ҳофиз (Писари Тоҷикистон", 1942),
  • Исмоилбек («Застава дар кӯҳҳо», 1953),
  • Азимшоҳ («Дохунда», 1956),
  • Бобониёз («Вазифаи олӣ», 1958),
  • Саҳл ибни Мансур (Қисмати шоир", 1958),
  • Кова («Ливои оҳангар», 1961),
  • Саидов («Бо амри дил», 1968),
  • Зол («Достони Рустам», 1970) ва ғ.

Коргардонӣ дар театр вироиш

Қосимов чун Коргардон (режиссёр) низ қувваозмоӣ намуда, пьесаҳои «Дар оташ»-и С. Улуғзода (ҳамроҳи Ҳ. Раҳматуллоев), «Овози Америка»-и Б. Лавренёв (ҳамроҳи А. Раҳимов) ва Отелло"-и Шекспирро (соли 1963) таҳия кардааст. Муаллифи пьесаҳои «Таҳмоси хуҷандӣ» (бо ҳамқаламии С. Саидмуродов); «Роҳи бахт» (бо ҳамқаламии Ҷ. Икромӣ), «Ба доно — ишора, ба нодонкалтак» мебошад.[2]

Ҷоизаҳо вироиш

  • ду ордени Ленин (1941,1957),
  • ду ордени байрақи Сурхи Меҳнат (1949,1954),,
  • медали "Барои меҳнати фидокорона дар солҳои ҶБВ (1946) ва Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст[2][3].

Эзоҳ вироиш

  1. Ба Рӯзи театри тоҷик: Ҳунари актёрӣ-сарнавишти оилаи Қосимовҳо | TojNews. www.tojnews.org. 4 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июли 2017.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 8. — Душанбе: Сарредаксияи Энциклопедияи советии тоҷик, 1988, — с. 315.
  3. Мухамеджан Касымов, актёры «Таджикфильма»

Адабиёт вироиш

  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
  • Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012. — С. 111.

Пайвандҳо вироиш