Муҳаммад Абдулҳамид

сиёсатмадори бангладешӣ

Муҳаммад Абдулҳамид (банголӣ: আব্দুল হামিদ, 1 январи 1944, шаҳри Дакка, Ҳиндустони Бритониё, Бангладеш муосир) — ходими давлатӣ ва сиёсии Бангладеш, президенти кишвар аз соли 2013.[1]

Муҳаммад Абдулҳамид
банголӣ: মোঃ আবদুল হামিদ
аз 22 апрели соли 2013
(и.в. аз 20 марти 2013)
Пешгузашта Зиллур Раҳмон
12 июли 2001 — 28 октябри 2001
Пешгузашта Ҳумаюн Чоудхурӣ
Ҷонишин Ҷамируддин Сиркар
25 январи 2009 — 22 апрели 2013
Пешгузашта Ҷамируддин Сиркар
Ҷонишин Шавкат Алӣ (и.в.)
Таваллуд 1 январ 1944(1944-01-01) (80 сол)
Ҳамсар Rashida Hamid[d]
Фарзандон Mr. Rejwan Ahammad Taufiq[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод мусулмон-суннӣ
Ҷоизаҳо
Independence Award
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Абдулҳамид 1 январи соли 1944 дар Ҳиндустони Бритониё, дар шаҳри асосии Банголия, Дакка таваллуд шудааст. Дар миёнаи асри XX Ҳиндустони Бритониё истиқлол ба даст овард ва Бенгалияи Шарқӣ як қисми Покистон шуд. Вай ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ дар мубориза барои истиқлоли Бангладеш аз Покистон иштирок кардааст. Ӯ боздошт ва дар ҳабс қарор дошт [2].

Кори сиёсӣ вироиш

Пас аз ба даст овардани истиқлоли Бангладеш дар соли 1971, Абдулҳамид ҳафт маротиба ба парлумони Бангладеш интихоб шуд. Дар охири асри XX, ӯ яке аз пешвоёни ҳизби Лигаи Авамӣ шуд. Аз моҳи июл то октябри соли 2001 бори аввал парлумони кишварро роҳбарӣ кард. Бори дуввум ӯ 25 январи соли 2009 раиси парлумон гашт. Вақте ки дар нимаи моҳи марти соли 2013 президент Зиллур Раҳмон бо сабаби беморӣ ба Сингапур барои табобат фиристода шуд, Абдулҳамид ӯро дар вазифа ҷонишинӣ мекард.

Зиллур Раҳмон 20 марти соли 2013 даргузашт;[3] ва Абдулҳамид, тибқи Конститутсияи кишвар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Бангладеш шуд. 22 апрели соли 2013, ӯ президенти Бангладеш интихоб шуд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Hamid elected president(англ.), The Daily Star (22 April 2013). Проверено 28 октябри 2018.
  2. Speaker's Biography(англ.) (PDF)(пайванди дастнорас — таърих). Bangladesh Parliament. 4 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2011.
  3. AFP. Bangladeshi president dies in Singapore: Officials(англ.). The Straits Times (20 March 2013). 4 марти 2019 санҷида шуд.