Муҳаммад ибни Тоҳир
Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Абдуллоҳ (ар. محمد بن طاهر بن عبدالله), Муҳаммади Хуросонӣ (форсӣ: محمد خراسانی; асри IX, Нишопур — 910) — вопасин амири тоҳирии Хуросон (862—873), амири Бағдод (885—889), писари Тоҳир ибни Абдуллоҳ.
ар. محمد بن طاهر بن عبدالل | |
862 — 873 | |
Таваллуд |
асри IX |
Даргузашт | 910 |
Падар | Тоҳир ибни Абдуллоҳ |
Ҳукмронӣ
вироишМуҳаммад ибни Тоҳир дар умури давлатдорӣ шоистагии падару бобояшро надошт ва машғул ба айшу ишрат буд. Дар аҳди ҳукумати ӯ қиёми алавиёни Табаристон авҷ гирифта, шӯриши айёрон бо сарварии Яъқуб ибни Лайс шиддат гирифт. Дар охири давраи ҳукмронии Тоҳириён танҳо пойтахт Нишопур дар ихтиёри онҳо қарор дошту бас. Яке аз минтақаҳои ноороми Тоҳириён Табаристон буд, ки дар ин ҷо шӯришҳои пай дар пайи алавиён сар зад ва боиси тамоман заиф шудани қудрати Тоҳириён шуд. Дур шудан аз мардуми одӣ ва фаромӯш сохтани арзу ниёзи мардуми ситамкашида Тоҳириёнро аз такягоҳи иҷтимоӣ маҳрум сохт ва ин сабаби аслии заволи қудрати онҳо гардид[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — с. 96-97.
Адабиёт
вироиш- Bosworth, Clifford Edmund (1994). The History of the Saffarids of Sistan and the Maliks of Nimruz (247/861 to 949/1542-3). Costa Mesa: Mazda Publishers. ISBN 1-56859-015-6.
- Bosworth, C.E. (1975). "The Ṭāhirids and Ṣaffārids". In Frye, Richard N. The Cambridge History of Iran, Volume 4: From the Arab Invasion to the Saljuqs. Cambridge: Cambridge University Press. pp. 90–135. ISBN 0-521-20093-8.
- Al-Mas'udi, Ali ibn al-Husain (1874). Les Prairies D'Or, Tome Huitieme. (in франсузӣ). Trans. C. Barbier de Meynard. Paris: Imprimerie Nationale.
- Al-Tabari, Abu Ja'far Muhammad ibn Jarir (1985–2007). Ehsan Yar-Shater, ed. The History of Al-Ṭabarī. 40 vols. Albany, NY: State University of New York Press.
- Al-Ya'qubi, Ahmad ibn Abu Ya'qub (1883). Houtsma, M. Th., ed. Historiae, Vol. 2. Leiden: E. J. Brill.
- Zetterstéen (1993). "Muhammad b. Tahir". In Bosworth, C. E.. Encyclopaedia of Islam. Volume VII: Mif–Naz (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. p. 410. ISBN 978-90-04-09419-2. http://referenceworks.brillonline.com/entries/encyclopaedia-of-islam-2/muhammad-b-tahir-SIM_5367.