Муҳаммад ибни Ҳусайни Зоғулӣ
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳусайн Аздии Зоғулӣ (ар. أبو عبد الله محمد بن الحسين بن محمد الأزدي الزّاغُولي; 1080, Марв — 6 май 1164, Марв) — муҳаддис, фақеҳ.
Муҳаммад ибни Ҳусайни Зоғулӣ | |
---|---|
араб. ар. محمد بن الحسين الزاغولي | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ, муҳаддис, муфассир, забоншинос |
Таърихи таваллуд: | 1080 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 6 май 1164 |
Маҳалли даргузашт: | |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишДар назди падари Самъонӣ ва ал-Муваффақ ибни Абдулкарими Ҳиравӣ илми фиқҳ омӯхтааст. Шахси солеҳ, фозил ва донандаи хуби ҳадис буда, то охири умраш ба ҷамъоварии ҳадис ва омӯхтани илму адаб машғул будааст. Зоғулӣ китобе дар мавриди андухтаҳои худ дар риштаҳои гуногуни илмӣ бо номи «Қайду-л-авобид» тартиб додааст, ки ба қавли Самъонӣ қариб аз 400 ҷилд иборат будааст. Ӯ барои омӯхтани илм ва ҷамъоварии ҳадис ба шаҳрҳои Марв, Марврӯд, Ҳирот ва Нишопур сафар кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зоғулӣ / С. Шаҳобуддинов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.