Муҳаммад Ҳакимхон
Муҳаммад Ҳакимхон (зод. 1802, Қӯқанд) — муаррих, муаллифи «Мунтахабу-т-таворих».
Таърихи таваллуд | 1802 |
---|---|
Зодгоҳ |
Зиндагинома
вироишМуҳаммад Ҳакимхон дар шаҳри Қӯқанд таваллуд шуда, падараш Маъсумхон аз авлоди намояндаи маъруфи тариқати тасаввуфи асри XVI Махдуми Аъзам буд ва дар доираи аҳли дарбор, мансабдорони олимақоми дунявӣ ва динии хонигарӣ обрӯ ва нуфузи зиёд дошт. Муҳаммад Ҳакимхон аз ҷониби модар ба хони Хуқанд Норбутабӣ (1770—1799) набера ва ба ворисони ӯ Олимхон (1799—1810) ва Умархон (1810—1822) хоҳарзода ба ҳисоб мерафт. Дар давраи ҷавонӣ Муҳаммад Ҳакимхон ҳамроҳи тағоҳояш дар муҳорибаҳои ҳарбӣ иштирок кардааст. Ширкат дар шабнишиниҳои адабӣ, мулоқот бо шоирон, адибон, уламо ва маросими дигари дарбор дар ташаккули шахсияти ӯ таъсири амиқ расонид[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич. Маълумоти “Мунтахаб-ут-таворих” доир ба воқеаҳои сиёсии нимаи аввали асри XIX ва баъзе ашхоси маъруфи хонигарии Хуқанд. www.hum.vestnik.tj. Ахбори ДДҲБСТ №3 (72), 2017, с. 25—33 (27 ноябри 2017). 17 августи 2023 санҷида шуд.