Муҳаррик
Муҳаррик (ар. محرک — таҳриккунанда) — дастгоҳе аст, ки энержиро барои ба кор андохтани васоили нақлия, дастгоҳҳои дигар ё тавлиди барқ, ба кори механикӣ табдил мекунад.
Навъҳо
вироишМуҳаррик вобаста ба навъҳои худ кори механикиро аз ротори чархзананда, аз ҳаракати пешравандаю баргардандаи поршен ё аз аппарати реактивӣ гирифта метавонад. Муҳаррики мошинҳои корӣ, воситаҳои нақлиёти хушкигарду обӣ, ҳавоиву кайҳонӣ, дастгоҳҳои истеҳсоливу технологӣ, асбобҳои коммуналиву рӯзгор ва ғайраро ба ҳаракат меоварад.
Муҳаррикҳое, ки захираҳои табиии энергетикӣ (сӯзишворӣ, энергияи бод, об ва ғайра)-ро бевосита ба энергияи механикӣ табдил медиҳанд, муҳаррикҳои аввал номида мешаванд. Гурӯҳи калони муҳаррикҳои аввалро муҳаррикҳои ҳароратӣ ташкил медиҳанд. Муҳаррикҳое, ки энергияи муҳаррикҳои аввалро ба кори механикӣ табдил медиҳанд, муҳаррикҳои сонӣ ном доранд (масалан, муҳаррикҳои электрии пневматӣ, баъзе навъҳои муҳаррикҳои гидравликӣ ва ғайра) муҳаррикҳо вобаста ба таъйиноташон статсионарӣ, сайёр, нақлиётӣ мешаванд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Двигатель // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.