Муҳиба Яқубова
Муҳиба Яқубова — доктори илмҳои биологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон [1].
Муҳиба Мӯҳсиновна Яқубова | |
Таърихи таваллуд | 21 январ 1937 (87 сол) |
Зодгоҳ | Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо |
Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1995) Дорандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИ ҶТ (2007) |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959). Солҳои 1961-1968 ходими илмии Пажӯҳишгоҳи физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ Тоҷикистон, солҳои 1968-1973 дотсенти кафедраи физиологияи рустаниҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва мудири кафедраи биохимияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1974-2008) буд. Аз соли 2008 вазифаи ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ро иҷро кардааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишСамтҳои асосии фаъолияти илмӣ:биохимия, биофизика, физиология ва генетикаи рустаниҳои кишоварзӣ. Оид ба масоили танзими реаксияҳои биохимиявӣ ҳангоми фотосинтез (вобаста ба ҳосилнокии рустанӣ) таҳқиқот анҷом дода, бобати биохимияи рустаниҳо, тавсифи сохторӣ-вазифавии хлоропластҳои пахта, фотосинтез ва монандшавии азот дар пахта ва ғайра беш аз дусад кори илмӣ, методӣ, таълимӣ ба хидмат овардааст. Иштирокдори чандин симпозиуму конфаронси байналмилалии биохимикҳо мебошад.
Осор
вироиш- К вопросу о биосинтезе пластидных пигментов в листьях хлопчатника. – Д., 1965;
- Методические разработки по биохимии. – Д., 1976 (соавтор);
- Физиолого-биохимические аспекты фотосинтетической продуктивности. – Д., 1983;
- Функциональные особенности и структурная организация фотосинтетического аппарата с высокой активностью: Дисс… доктора биолог. наук. – М., 1984;
- Руководство по написанию дипломных и курсовых работ по биохимии. – Д., 1988 (соавтор);
- Малый практикум по биофизике. – Д., 1990 (соавтор);
- Дарсҳои амалӣ аз биофизика. – Д., 1990 (ҳаммуаллиф);
- Сравнительная характеристика фотосинтетического аппарата перспективных сортов и линий хлопчатника. – Д., 1995 (соавтор);
- Фотосинтез и метаболизм углерода ӯ перспективных форм хлопчатника. – Д., 1999 (соавтор);
- Структурно-функциональная характеристика хлоропластов хлопчатника. – Д., 2000;
- Функциональная активность фотосинтетического аппарата арабидопсиса. – Д., 2002 (соавтор);
- Белки теплового шока в клетках спирулины. – Д., 2003;
- Биохимия растений. Учебное пособия. – Д., 2008 (соавтор);
- Физиолого-биохимические и молекулярно-генетические аспекты продукционного процесса хлопчатника. – Д., 2013;
- Фотосинтез и ассимиляция азота ӯ хлопчатника. – Д., 2015 (соавтор); Китоби сурхи Тоҷикистон. – Д., 2015 (ҳаммуаллиф).
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
- Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1976),
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1995),
- Дорандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (2007).
Адабиёт
вироиш- Мухиба Мухсиновна Якубова. Материалы к библиографии ученных Таджикистана. – Д., 1997;
- Якубова Мухиба Мухсиновна. Библиография. – Д., 2008.
Эзоҳ
вироиш- ↑ АЪЗОИ ПАЙВАСТАИ АИ ҶТ. 21 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Январ 2021.