Сайдалӣ Муҳиддинов
Сайдалӣ Раҷабович Муҳидинов (зод. 3 март 1956, Сталинобод) — таърихнигор, китобшинос, китобхонашинос, санъатшинос, номзади илмҳои педагогӣ (1993), доктори илмҳои таърих 2003, профессор (2011). Узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Сайдалӣ Раҷабович Муҳидинов | |
| |
Таърихи таваллуд | 3 март 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2015), медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Афғонистон |
Зиндагинома
вироиш- 1977 — факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода-ро хатм кардааст (ДДСТ),
- 1977 — Мудири китобхонаи ДДСТ ба номи М. Турсунзада,
- 1979—1988 — Муҳаррир, сармуҳаррир, мудири бахш ва мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ дар Китобхонаи ҷумҳуриявии давлатии ба номи А. Фирдавсӣ,
- 1985—1990 — устоди кафедраи кафедраҳои китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода,
- 1990—1993 — Аспиранти ва ҳамзамон омӯзгори Донишгоҳи давлатии фарҳанги шаҳри Москва,
- 1993 — дифои рисолаи номзади илм дар мавзӯи «Библиографинамоии минётурҳои форсӣ-тоҷикӣ: ҷанбаъҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва назариявӣ-услубӣ», соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ,
- 1993—1998 — омӯзгори калони кафедраи библиографишиносӣ, декани факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода,
- 1998—2003 — Директори Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ,
- 2003 — дифои рисолаи доктори илм дар мавзӯи «Таърихнигории ҳунари тасвирии халқи тоҷик (замони тоинқилобӣ)», соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих,
- 2003—2004 — дотсенти кафедраи таърихшиносӣ ва бойгоншиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири бахши Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2004—2005 — Сардори раёсати илми муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаи кадрҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷамъиятшиносӣ ва ҳуқуқшиносии Донишгоҳи байналмиллалии гуманитарӣ (Душанбе),
- 2006—2009 — профессори кафедраи таърихи ватанӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон,
- 2009—2013 — мудири кафедраи таърихи ватанӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон,
- Аз соли 2013 инҷониб декани факултети таърих ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон[1]
Фаъолияти илмӣ
вироишСайидалӣ Муҳидинов баробари масъалаҳои назариявиву амалии омӯзиши таърихи халқи тоҷик, таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ, муносибатҳои Тоҷикистону Русия, инчунин таърихи фарҳанги бадеии мардуми тоҷик, бахусус ҳунари тасвириро дар бар мегирад. Дар риштаҳои илми китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ силсилаи таҳқиқот анҷом додаст.
Сайидалӣ Муҳидинов муаллифи 6 монография, 20 китобу маҷмӯа 9 дастурамали методӣ барои китобдорону библиографҳо, 11 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ буда, зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ба чоп расонидааст. Ӯ инчунин ба ҳайси нависанда муаллифи маҷмӯаи хикояҳо таҳти унвони «Касе дар канор» ва «Рӯзномаи Афғонистон, ё қайдҳои як тарҷумон» (2016), ки ба забони русӣ чоп шудаанд, мебошад. Ҳамзамон ӯ узви Шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ назди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ аст.[2]
Осор
вироиш- Библиографирование персидско-таджикской миниатюры (культурно-исторический и теоретико-методический аспекты): Дис… канд. пед. наук. — М., 1993. — 186 с.
- Библиографическое описание персидско-таджикской миниатюры / Под ред. д-ра пед. наук, профессор Ю. С. Зубова.- Душанбе, 1993. — 20 с.
- Инъикоси ёдгориҳои санъати тасвирӣ дар «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров (Отражение памятников изобразительного искусства в труде Б. Гафурова «Таджики») / Муҳар.масъул академик А. Мухторов. — Душанбе, 1998. — 39 с.
- Миниатюра в творчестве Камолиддина Бехзода и Ахмада Дониша: Историографические очерки / Под ред. д-ра ист. наук, профессор И. Усманова. — Душанбе: Маориф, 2005. — 88 с.
- Таджикская библиотека в XI—XVI веках / Под ред. д-ра пед. наук, профессор Д. Латипова. — Душанбе, 2005. — 48 с.
- Историография изобразительного искусства таджикского народа (досоветский период). Монография — Душанбе: Ирфон, 2007. — 309 с.
- История изобразительного искусства таджикского народа с древнейших времен до XVI века: Учебное пособие. — Душанбе: РТСУ, 2010. — 180 с.
- Русские художники в Таджикистане (вторая половина ХIХ- 80-х гг. ХХ века). Монография — Душанбе, 2012. — 217 с..
- Библиографияи кишваршиносии Тоҷикистон (замони шӯравӣ). Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФС ба номи М.Турсунзода. — Душанбе: Ирфон,2015.- 160 с.
- От Согда до Судака. /Под ред. акад. Р. М. Масова. Монография.- Душанбе: Эр-граф, 2016.- 227 с.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2015)[3]
- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Деканат. Декан факультета ИМО РТСУ. 8 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2016.
- ↑ Олимони худро бишносем. Сайидалӣ Муҳидинов. 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2016.
- ↑ ПОЗДРАВЛЯЕМ С НАГРАДОЙ!. 25 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 ноябри 2020.