Муҷируддини Байлақонӣ

Муҷируддини Байлақонӣ (1130, Байлақон1194, Табрез) — шоири қасидасарои форс-тоҷик, шогирди Хоқонии Шервонӣ.

Муҷируддини Байлақонӣ
Таърихи таваллуд: 1130
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1194
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Муҷириддин дар шаҳри Байлакони тобеи Шервон дар аввалҳои асри XII ба дунё омадааст. Роҷеъ ба соли мавлуд ва рӯзгори ӯ маълумоти муфассал дар сарчашмаҳо ҷой надорад. Танҳо маълум аст, ки модараш аз канизакони ҳабашӣ будааст. Дар замони худ Байлақонӣ шогирди Хоқонӣ буд ва дар пайравии ӯ шеърҳо менавишт. Муҷириддин аз худ девоне боқӣ гузоштааст, ки аз ғазалу рубоӣ ва қасидаву қитъа иборат аст. Соли вафоти шоирро байни 1190 −1193 тахмин мекунанд.

Меросӣ адабии шоир

вироиш

Аз ғазалиёт

вироиш
Дил ба ишқи ту дил зи ҷон бардошт,
Ҷон ҳама умед аз ҳама ҷаҳон бардошт.
Посбон сабр буд бар дари дил,
Дузди ғаммоз посбон бардошт.
Офият вақте арчи қоида буд,
Турктози ғами ту он бардошт.
Хоки роҳи туам аз он ки маро
Ишқат аз хок ройгон бардошт.
Гуфтаӣ: Соя аз ту бардорам,
Соя аз хок чун тавон бардошт?
Офият дида аз ҷаҳон бардошт,
Макрамат рахт аз ҷаҳон бардошт.
Нарасам ман ба ҳамраҳони вафо,
З-он ки шаб рафту корвон бардошт.
Боди субҳ аст, ки машшотаи ҷаъди суман аст,
Ё дами Исо пайванди насими чаман аст.
Накҳати нофаи мушк аст? На. Пас чист, бигӯ?
Асари оҳи ҷигарсӯхтае ҳамчу ман аст.
Нафаси сарди саҳар гарм равон баҳри чарост?
Ёдам омад зи пайи он ки расули чаман аст.
Ё раб, ин шеваи нав чист, ки аз чунбиши бод
Турраи жола пур аз нофаи мушки Хутан аст.
Бод бо дасти тиҳӣ бар сари гул ноҷнеҳ аст,
Абр бо домани тар бар дари гул нӯбазан аст.
Дидаи мардуми наргис ҳама гирён нигарад
Ба суйи жола, ки он зиндадио андар кафа наст.
Бӯи шир аз даҳани савсан аз он меояд,
Ки ҳанӯзаш сари пистони сабо дар даҳан аст.
Даҳ забон асту нагуяд сухану ҳақ бо ӯст?
Бо чунин умр, ки ӯрост чи ҷои сухан аст?
Барқ ночихзани боғ асту сабо ҳалқарубой,
Абр новардгару соиқа зӯбинфиган аст.
То дастхуши ҷаҳон шудам ман
Дар дасти каноатам мумакан.
Бигрезам аз у, ки ман гарибам,
В-ин бесару бун — ғарибдушман.
Бесар бизиям чу мардуми чашм
Бо мардумӣ аз ҳама ҷаҳон ман.
Мехнат шавадам сипар зи меҳнат
К-оҳан шавад оина зи оҳан.
Шабдӯст аз он шудам, ки дар шаб
Хуршед наёбадам ба равзан
Гар шамъи фалак насозадам кут,
Чун шамъ кунам навола аз тан.
Эй рухи ту ранги навбаҳор гирифта,
Бар рухи ту некуӣ қарор гирифта.
Ҷавр макун зинхор бар дили он, к-ӯ.
Домани ишқат ба зинҳор гирифта.
Он гули садбарги ман ба як шикани зулф
Чун мани шӯридадил ҳазор гирифта.

Аз муқаттаот

вироиш
Рахши амал матоз, ки айём тавсан аст,
Барги сафар бисоз, ки рехлат муайян аст.
Бешафкатии чарх аз ин дон, ки аз шафак,
Хар шомгоҳ ба хуни ту олуда доман аст.
Рафтам андар куи у, дар хуни ман рафт осмон,
В-он шафак дон хуни ман, к-аз осмон омад падид.
Ошики гардуни пирам, худ напурси то чаро,
З-он ки аз даврони он пир ин ҷавон омад падид.

Пайвандҳо

вироиш

http://temenna.blogfa.com/