Мэри Бойс
Нора Элизабет Мэри Бойс (англ. Nora Elisabeth Mary Boyce: 2 август 1920[1][2], Дарҷилинг[d], Роҷи Бритониё — 4 апрел 2006[3][1], Лондон, Бритониёи Кабир) — эроншиноси Британиёи Кабир.
Таърихи таваллуд | 2 август 1920[1][2] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 апрел 2006[3][1] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишПадараш дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон додгустар (судя) буд. Мэри Бойс дар Донишгоҳи Кембриҷи Англия улуми бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ омӯхта, аз соли 1944 устоди адабиёти англо-саксонӣ ва бостоншиносии Донишгоҳи Лондон буд, ҳамзамон омӯзиши забони форсиро дар назди проф. Владимир Минорски дар мактаби таҳқиқоти Осиё ва Африқо давом дод. Соли 1952 дар Донишгоҳи Кембриҷ рисолаи илмӣ дифоъ намуда, аз ҳамон сол то давраи бознишастагиаш ба ҳайси проф. мактаби таҳқиқоти Осиё ва Африқо кор кардааст.
Мэри Бойс яке аз машҳуртарин муҳаққиқони динҳои бостонии ориёиҳо, бахусус зардуштия ва узви Академияи шоҳаншоҳии Дания буд. Ҷамъияти осиёии шоҳаншоҳии Британияи Кабир ва Дания ба хотираи Мэри Бойс ҷоизаи солона таъсис намудааст, ки ҳамасола ба беҳтарин асар дар риштаи пажӯҳиши адён эҳдо мегардад. Муҳимтарин осори Мэри Бойс «Зардуштиён: боварҳо ва урфу одатҳо», «Таърихи Зардуштия», «Такягоҳи форсии Зардуштия», «Доираҳои Монавия дар Эрон», «Суханварони монавия дар Эрон», «Сохтори сарчашмаҳои омӯзиши Зардуштия» мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Oxford Dictionary of National Biography (ингл.) / C. Matthew — Oxford: OUP, 2004.
- ↑ 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 3.0 3.1 http://www.telegraph.co.uk/news/obituaries/1516828/Prof-Mary-Boyce.html
Адабиёт
вироиш- Бойс Мэри Нора Элизабет / Қ. Расулиён // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.