Мӯсо Раҷабов
Мӯсо Раҷабов (20.03.1918, деҳаи Дарвозаи Калони вилояти Бухоро – 13.01.1997, шаҳри Душанбе)— олим, файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), профессор (1972) Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).
Мӯсо Раҷабов | |
---|---|
Мӯсо Раҷабов | |
Таърихи таваллуд: | 20 март 1918 |
Зодгоҳ: | вилояти Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Тахрихи даргузашт: | 13 январ 1997 |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | фалсафа |
Ҷойҳои кор: | кумитаи ҳизбии ш.Душанбе, КМ ҲК Тоҷикистон, Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро |
Ҷоизаҳо: |
![]() ![]() ![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Мӯсо Раҷабов факултаи таърихи Институти давлатии педагогии шаҳри Бухороро соли 1939 хатм карда, дар сафҳои Артиши Шуравӣ (1939-1946) хидмат намудааст. Солҳои 1947-1953 лектори КМ ҲК Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи ҳизбии ш.Душанбе, мудири шуъбаи санъати КМ ҲК Тоҷикистон, 1953-1955 Вазири маданияти (фарҳанги) ҶШС Тоҷикистон, 1956-1960 мудири кафедраи марксизм- ленинизми Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1960-1988 ноиби ректори Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд.
Фаъолияти илмӣВироиш
Оид ба таърихи афкори ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фалсафии халқи тоҷик, ҷаҳонбинии адибону мутафаккирони форс-тоҷик, махсусан Абулқосим Фирдавсӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Убайди Зоконӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз шаст асару мақола навиштааст.
ОсорВироиш
- Мировозрение Убайда Зокони. – Сталинабад, 1958;
- История общественно – политической и философской мысли таджикского народа. – М., 1960;
- Абдурахман Джами и таджикская философия XV века. – Д., 1968;
- Фирдоуси и современность.(Анализ мировоззрения). – Д., 1976;
- Философские и социально – этические взгляды Амира Хусрава Дехлави. – Д., 1982.
МукофотВироиш
- ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- «Нишони Фахрӣ»,
- Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978)