Навгилем (деҳа, н. Исфара)
Навгилем — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара. Аз Навгилем то маркази ноҳия 3 км. Аҳолиаш 25559 нафар (2017).
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Исфара |
Ҷамоат | Деҳоти Навгилем |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 25559 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3462 |
Таърих
вироишНавгилем калонтарин деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Навгилем аст ва аз замонҳои Бобур то асри ХIХ маркази ноҳияи Исфара буда, солҳои 30-40 асри ХIХ бо сабабҳои номаълум (шояд аз оби заҳ бошад) хароб гардидааст. Баъди бунёди мадрасаи Абдуллохон (а. ХVI) мардум ба ду тарафи роҳ гилемҳои нави бисёре овехта, хонро ботантана пешвоз гирифтанд. Ин гуна пешвозгирӣ ӯро бисёр хуш омад ва дар ҳар ҷо ба таърифи он пардохт. Аз ин пас мавзеъ номи Навгилемро гирифт. Маъхазҳо аз мавҷуд будани ду қалъа — Қалъаи Мадраса ва Қалъаи Ширеш (Саранҷ) — хабар медиҳанд.
Аҳолӣ
вироишНавгилем маҳаллаи зиёдеро фаро мегирад, ки аз байни онҳо Устомулло ва Маҷнунбед бузургтаранд. Аҳолии Навгилем соли 1907 дар 228 хоҷагӣ 1200 наф., соли 1917 460/2500, соли 1926 572/2815, соли 1991 14528 наф., с. 2003 3756/20224 наф. буда, аксар кишоварзонанд. Дар хоҷагии ба номи З. Ҳасанов заҳмат кашида, дар парваришу истеҳсоли сабзавот, ғалла, пилла, меваи хушк, тухмӣ ва тармеваҳо ҳиссагузоранд. Дар гузашта харбузаҳои хоҷакалонӣ, бобосекинакӣ, узоқӣ, гургак, амирӣ, тиризанбӯрак, бeсабозии Навгилем машҳур буданд. Боғи Насадский дар ҳудуди Навгилем нашъунумӯ дорад ва кони себу ноки гуногуннавъ аст.
Сол | 2010[1] | 2020[2] |
Аҳолӣ | 23 440 | 27 977 |
Солҳои 30-ум
вироишНахустин артелҳо дар Маҷнунбед солҳои 1930 (1932, колхози «14-солагии Октябр», раис Турсунбой Холматов), дар Навгилем соли 1929 бо номи Крупская (раис Бисамар Қодирова; 1931, колхози ба номи Крупская, раис Муҳиддинов Шамсиддин), дар Устомулло соли 1936 колхози «Ширин» (бо номи Горкий) ташкил шудаанд. Соли 1949 колхозҳои ба номи Крупская, Микоян, Горкий ба колхози ба номи Микоян (раис Ҷӯра Норматов), соли 1951 колхозҳои «Коммуна» (Қӯшдевор), ба номи Фрунзе (Офтобрӯй), Ворошилов (Шӯртанг), Микоян ба колхози ба номи Микоян (раис Зокирхӯҷа Ҳасанов), соли 1952 колхозҳои ба номи Сталин, Микоян ба колхози Сталин (раис Обидxон Устобоев; соли 1962 колхози «Коммунизм»; 1963 «Октябр»; 1977 совхози «60-солагии Октябр»; 1996 колхози ба номи Зокирхӯҷа Ҳасанов) муттаҳид гардиданд.
Маориф
вироишМактабҳои аввалин соли 1922 дар хонаи Қамбархон Темурзода, дар Маҷнунбед дар меҳмонҳонаҳои Азизхоҷабой ва Сангинбойбача (муаллим Абдуҷаббор Шарифзода), соли 1932 дар маҳаллаи Бeмехчагарон дар меҳмонҳонаи Муллоҳасанбой таъсис ёфтаанд. Бинои аввалини мактаб соли 1928 бунёд ёфт. Дар мактаби нав Муллосаъдӣ Шукуров, Амонулло Раҳмонов, Сатторхон Қозизода, Ҳасанхон Охонзода, Нарзибой Шарифзода ва Абдурасул Махсумов кор мекарданд. Ба мактабҳои Навгилем, Қӯшдевор, Офтобрӯй, Шӯртанг ва Маҷнунбед Абдуҷаббор Шарифзода директори озод таъйин шуд. Соли 1928 мактаби ҷавонони деҳот (ШКМ-школа крестянской молодёжи) ва 1936 мактаби ҳафтсола ташкил гардид.
Дар Навгилем мактабҳои (№ 30, 31, 32, 15 Гумбазӣ), як лисей, як хонаи маданият, магазинҳо, чойхона, китобхонаҳо дар хидмати аҳли ҷомеа мебошанд. Навгилем бо ёдгории таърихии асрҳои ХVI — ХVIII Масҷиди Абдуллохон шуҳрат дорад. Идораҳои ҷамоат, хоҷагии ба номи Зокирхӯҷа Ҳасанов, идораи савдои деҳа ҳам дар ҳудуди Навгилем ҷой доранд. Осорхонаи олими намоёни тоҷик Лутфулло Бузургзода назди бинои идораи ҷамоат қомат афрохтааст. Фурудгоҳи ш. Исфара дар қисми ҷанубии деҳа воқест. Заминҳои Навгилем аз ҷӯйҳои Паст, Зарбоф, Чилгазӣ ва канали ба номи С. Юлдошев обёрӣ мешаванд.
Шахситҳои маъруф
вироишЛутфулло Бузургзода, нависанда ва муаллифи китоби «Алифбо» пеш аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, зодаи ҳамин деҳа аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.
- ↑ Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2