Бароқхон ё Наврӯзаҳмадхон (ӯзбекӣ: Navro'z Ahmadxon; 1510—1556) — хони ӯзбек[1][2][3] аз сулолаи Шайбониён.

Наврӯзаҳмадхон
ӯзбекӣ: Navro'z Ahmadxon
Портрети Бароқхон (Наврӯзаҳмадхон) миёнаҳои қарни XVI
Портрети Бароқхон (Наврӯзаҳмадхон) миёнаҳои қарни XVI
1552 — 1556
Ҳамроҳ бо Бурҳонсултон
(1552—1557; Бухоро)
Пешгузашта Абдулазизхон
(1540—1550; Бухоро)
Абдулатифхон
(1540—1551; Самарқанд)
Ҷонишин Пирмуҳаммадхон
(1556—1561)
парчам
Ҳокими Тошканд
1532 — 1551
Пешгузашта Келдӣ Муҳаммад
Таваллуд 1510
Даргузашт 1556(1556)
Мадфан
Дудмон Шайбониён
Падар Суюнчхоҷахон
Фарзандон Дарвеш
Ҷалол
Бобосултон
Амин
Дустум
Қосим
Хоразмшоҳ
Тоҳир

Зиндагинома вироиш

Дар миёнаҳои аср 16 Муҳаммадраҳим, ки аз хешовандони наздики Шайбонихон буд, барои ғасби Бухоро фиристода шуд, аммо ногаҳонӣ дар роҳ вафот кард. Писараш Бурҳон бо мулозимону низомиёни падараш ба Бухоро расида меояд. Дар ҳамин ҳолат Б. аз самти Тошканду Абдуллатифхон аз ҷониби Самарқанд ба Бухоро лашкар кашида, соли 1540 онро ба тобеияти худ дароварданд. Султон Муҳаммадёр, ки ҳокими муваққатии Бухоро буд, Б. султон Бурҳонро низ ба ҳокимияти муваққатии ӯ шарик намуд. Б. ва Абдуллатифхон, ки бо ҳам аҳд баста буданд, султон Бурҳонро низ ба аҳди худ шарик намуда, ба муқобили ҳокимони Миёнкол — Искандархону Абдуллоҳхон лашкар кашиданд. Абдуллоҳхон маҷбуран Миёнколро ба Б. супурда, худаш ба Балх рафт. Баъдан аз Балх бо ёрии амакаш Пирмуҳаммадхон ба муқобили Б. се маротиба (с-ҳои 1553, 1554, 1555) лашкар кашид, вале ҳар бор мағлуб мегардид. Соли 1551 Абдуллатифхон вафот кард. Пас аз он Б. Самарқандро низ ба тасарруфи худ дароварда, аз соли 1551 то 1556 сарварии Мовароуннаҳрро бар уҳда дошт. Дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба номи ӯ хутба хонда мешуд. Ҳамчунин, Б. бо номи худ сикка зарб карда, дар Тошканд мадраса сохт, ки бо номи «Мадрасаи Бароқхон» машҳур аст. Тибқи маълумоти таърихнигорон, дар наздикии сойи Дарғом, дар минтақае ба номи Работи Хоҷа (байни Панҷакенту Боғи Зоғон) ногаҳон аз олам даргузашт.

Эзоҳ вироиш

  1. Barthold, W. "ʿAbd Allāhb.Iskandar." in Encyclopedia of Islam. — 1954. — Т. I. — С. 46.
  2. Политическая история исламского мира(пайванди дастнорас)
  3. ШЕЙБАНИДЫ

Адабиёт вироиш

  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Ҷ. 1-2. Д., 1998;
  • Ҳофизи Таниши Бухороӣ. Абдуллоҳнома. Тошкент, 1966.

Сарчашма вироиш