Навшодир – моддаи сахти маълум ва монанди шӯра ва намак сафед аст. Миҷозаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва дар аввали дараҷаи саввум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: навшодирро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, захми онро ба ҳам меоварад, обравии чашмро, ки аз хунукӣ бошад, дафъа мекунад. Агар инро дар оби судоб ҳал карда, бо он об ғар-ғара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро дафъ менамояд. Агар навшодирро бихӯранд, чирк ва рими узвҳои даруни синаро дафъ мекунад. Чун инро бимоланд, дарди гулӯро шифо мебахшад. Навшодирро бо мисли он саргини инсон якҷо намуда, дар оташ гарм карда, муқаттари бухори онро ҳосил намуда, аз он моеъ 4,5 грам бинӯшанд, тамоми заҳрҳои қотилро аз бадан дафъ мекунад, ки инро аз асрори махфӣ шумориданд. Хӯрдани навшодир сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад.

Адабиёт

вироиш
  • . — Ирфон. — 1991. — С. 682.