Назмӣ (шоир)
Назмӣ (? — 1623, Балх) — шоири форс-тоҷик, маликушшуарои дарбори Имомқулихон.
Зиндагинома
вироишДар деҳаи Фулур (Фулул)-и Бадахшон ба дунё омадааст. Насрободӣ дар тазкирааш ба иштибоҳ Фулурро яке аз деҳоти музофоти Балх гуфтааст. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Баҳру-л-асрор» Маҳмуди Китобдор Назмӣ пас аа шуҳрат пайдо кардан ба дарбори Имомқулихон даъват гардида, ба унвони маликушшуаро соҳиб шудааст.
Ду нусхаи девони қасоиди Назмӣ (дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Узбекистон таҳти рақами 9727 ва дигаре дар захираи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон тахти рақами 1181 маҳфузанд), девони ғазалиеташ (дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Узбекистон тахти рақами 9725 махфуз) то замони мо расида, зиёда аз 5 ҳазор байтро ташкил медиҳанд. Маҳмуди Китобдор манзумаеро бо номи «Ахлоқи Муҳсинӣ» ба Назмӣ нисбат дода, порчаеро аз он овардааст. Эҳтимол Назмӣ «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро ба риштаи назм кашида бошад. Мавзӯи асосии эҷодиёти Назмӣ мадҳ шикояту ҳасби ҳол ва панду ахлоқ аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Назмӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
- Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон, Д., 1972.