Назокат Ғафурова
Назокат Ғафурова (20 марти 1919, Конибодом) — доктори илмҳои таърих, профессор, ходими ҳизбӣ.
Назокат Ғафурова | |
Таърихи таваллуд | 20 март 1919 |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 9 август 1994 (75 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Комитети Душанбегии ҲК ҶШС Тоҷикистон, КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донинишкадаи тоҷикии педагогии шаҳри Тошканд, Академияи илмҳои ҷомеашиносии КМ КПСС (1963) |
Ҷоизаҳо | "Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон", Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишНазокат Ғафурова 20 марти соли 1919 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1934—1939 дар омӯзишгоҳи педагогии ш. Конибодом таҳсил кардааст. Соли 1939 ба Донинишкадаи тоҷикии педагогии шаҳри Тошканд дохил шуда то соли 1941 таҳсил намудааст. Солҳои 1941—1943 ҳамчун муаллима ва мудири шуъбаи таълимии мактаб, аз соли 1944 методисти шуъбаи маорифи ш. Конибодом фаъолият намудааст. Сипас, Назокат Ғафурова ба фаъолияти ҳизбӣ даъват гардида солҳои 1944—1957 дар Комитети Душанбегии ҲК ҶШС Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ хидмат кардааст. Солҳои 1957—1964 ӯ дар дастгоҳи ҷумҳуриявии КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон дар ба сифати лектор ва инструктори шуъба фаъолият намудааст. Ҳамчунин, дар қатори фаъолияти ҳизбӣ Н. Гафурова таҳсилоташро дар Мактаби олии ҳизбӣ (1950) ва Академияи илмҳои ҷомеашиносии КМ КПСС (1963) давом дода ба охир расонидааст. Соли 1963 ӯ дар Академияи илмҳои ҷомеашиносии КМ КПСС рисолаи номзадиашро дифоъ намуда соҳиби дараҷаи илмӣ шудааст. Дар аспирантураи ДДТ ба номи В. И. Ленин дар аспирантураи шуъбаи ғоибона с 1957—1961 маълумоти илмиашро сайқал додааст. Солҳои 1964—1970 Н. Гафурова дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба сифати дотсенти кафедраи таърихи КПСС ба донишҷӯён дарс додааст. Баъд аз дифои рисолаи докторӣ аз соли 1970 ҳамчун профессори кафедраи таърихи КПСС Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолияташро давом додааст. Зери қалами профессор, доктори илмҳои таърих Назокат Ғафурова 22 рисолаву китобҳо доир ба таъриху фаъолияти ҲК ҶШС Тоҷикистон ва зиёда аз 80 мақолаҳои дигар таълиф шудааст. Ӯ бо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва соҳавӣ қадрдонӣ шудааст. Назокат Ғафурова 9 августи соли 1994 аз олам чашм пӯшидааст.[1]
Ҷоизаҳо
вироиш- «Муаллими хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон»
- Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энcиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008.- C. 67