Наиля Асфандиёрова
Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна (зод. 2 декабри 1951, Душанбе) — иммунолог, доктори илми тиб (1989), узви вобастаи АИ ҶТ (1991). ИДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1974). Ординатори кафедраи терапияи госпиталии ҳамин институт (1974—1976). Корманди ИГЭ-и АИ ҶТ (1976—1977), аспиранти факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Тарту (Эстония; 1977—1980), ходими хурд, калон, сарходими илмӣ (1980—1988) ва мудири лабораторияи иммунологияи Институти гастроэнторологияи АИ ҶТ (1988—1993). Ҳоло дотсенти ДДТ-и Рязан ба номи академик И. П. Павлов мебошад. Муаллифи тақрибан 150 асари илмӣ, 2 кашфиёт, 3 навоварӣ ва 3 дастури методист. Оид ба иммунология, бемориҳои ҷигар, таъсири шароб ба фаъолияти ҷигар, инчунин роҳҳои муолиҷаи бемориҳои музмини ҷигар пажӯҳишҳои муҳим анҷом додааст.[1]
Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна | |
Таърихи таваллуд | 2 декабр 1951 (73 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб[d] (1989) |
Осор
вироиш- Современная тактика терапии хронических диффузных поражений печени. Душанбе, 1988;
- Лазерная терапия в комплексном лечении хронических диффузных поражений печени с использованием гелий — неонового лазера. Душанбе, 1988.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Сарчашма
вироиш- Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.