Пешин, ё зуҳр (ар. صلاة الظهر‎ — намози нимрӯз) — дуввумин намоз аз намозҳои панҷгона дар ислом, чор ракъат суннату чор ракъат фарз ва ду ракъат суннат дорад.

Оғози намози пешин

вироиш
 
██ Хуфтан ██ Бомдод ██ Пешин ██ Аср ██ Шом

Оғози намози пешин баъд аз заволи офтоб буда, охири он вақтест, ки сояи ҳар чиз ба ду баробари худаш (бинобар назари Абӯҳанифа (рҳ)) ва ё ба як баробари худаш (бинобар ривояте) бирасад. Ногуфта намонад, ки сояи ҳар чиз ба ғайри он сояе, ки ҳангоми қиём, яъне гардиши завол дорад, ҳисоб мешавад[1].

Намози зуҳр аз 10 ракъат иборат буда, 4 ракъати аввал суннат, 4 ракъати баъдӣ фарз ва 2 ракъати охири он низ суннат мебошанд. Тибқи мазҳаби ҳанафӣ, суннатҳои зуҳр тобеъи фарзи он буда, ҳамроҳ бо он хонда мешаванд.

Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ зуҳр дар ҳар фасли сол дар вақтҳои мухталиф гузорида мешавад.

Дар Тоҷикистон вақти намози зуҳр дар тӯли сол соати 13:00 муқаррар шудааст.

Намози пешин дар рӯзи ҷумъа

вироиш

Рӯзҳои ҷумъа бо адои намози ҷумъа намози зуҳр аз зиммаи намозгузор соқит мешавад.

Намози пешин дар сафар

вироиш

Зуҳр аз ҷумлаи намозҳоест, ки фарзи он дар мусофират каср (кӯтоҳ), яъне ба ҷои 4 ракъат 2 ракъат хонда мешавад. Дар мавсими Ҳаҷ дар Арафот зуҳрро бо намози аср якҷоя («Ҷамъу-с-салотайн») бо яке азон ва ду иқомат мехонанд.

  1. Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017. саҳ. 212 (Заввол)

Адабиёт

вироиш