Намоз Бердиев
Намоз Бердиев (23 январи 1939, деҳаи Митани ноҳияи Иштихон, вилояти Самарқанд - 20 июли 2021, Душанбе ) — доктори илмҳои биология (1982), профессор (1990). Узви пайвастаи Академияи байналмилалии антропологияи интегративӣ (1997), узви пайвастаи Академияи байналмилалии экологияи бехатарии фаъолияти ҳаётӣ (2003). «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР» (1987), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).
Таърихи таваллуд | 23 январ 1939 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Митани ноҳияи Иштихон, вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 20 июл 2021 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи кишоварзии Самарқанд |
Ҷоизаҳо |
«Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР» (1987 «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1994 |
Зиндагинома
вироишНамоз Бердиев баъд аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш (1957) дар факултаи байтории Донишкадаи кишоварзии Самарқанд таҳсил кардааст. Сарбайтори совхози «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлони ҶТ (1962-1964), аспирант (1964-1966), ходими хурди илмӣ (1966-1967), ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Вазорати кишоварзии ҶТ (1967-1969). Соли 1969 дар асоси озмун корм. калон ва соли 1976 мудири Лабораторияи марказии илмӣ-тадқиқотӣ Вазорати кишоварзии ҶТ интихоб шудааст (1976-1979), мудири кафедраи биология бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1979-1996). Соли 1996 ноиби ректор оид ба робитаҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таъйин шудааст (1996-2005). Аз соли 2005 — профессори кафедраи биология бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Намоз Бердиев 20 июли 1921 дар натиҷаи бемории сироятии короновирус фавтидааст [1]
Осори илмӣ
вироишДар мавзӯи «Норасоии йод дар хукҳо дар ноҳияҳои густариши ҷоғари эндемии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ (1976) ва баъди шаш сол рисолаи докториро дар мавзӯи «Мутобиқат ва муқовимати ҳайвонот дар шароити баландкӯҳ» дифоъ кардааст. Иштирокчии симпозиум ва конфронсҳои илмие, ки дар Фаронса, Япония, Олмон, Испания, Венгрия, Чехословакия, Голландия, Туркия, Миср, Ҳиндустон, Покистон, Италия, Португалия, ИМА, Эрон ва ғ. солҳои гуногун баргузор шудаанд. Муаллифи беш аз 270 мақола, 70 тезис, 8 ихтироот, 26 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 12 дастури таълимӣ, 4 монография, 5 тавсияи методӣ ва 7 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, аз ҷумла « Биология» (Д., 2006; нашри дуюм Д.,2008). Таҳти роҳбариаш 2 нафар унвонҷӯ рисолаи док. ва 12 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Ҷонишини раиси шуъбаи ҷумҳуриявии Анҷумани иммунологҳо ва аллергологҳо (аз соли 1992), узви ихтисосии олимони Донишгоҳи тиббии Қирғизистон дар заминаи додани унвони номзади илм (аз соли 2005), узви раёсати анҷумани тоҷикистонии дӯстӣ ва робитаҳои фарҳанги бо кишварҳои хориҷӣ (аз. соли 2007) интихоб шудааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999).
- Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1994)
- Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1985) ва Ӯзбекистон.[2]
Осор
вироиш- Биология. Д., 2008;
- Горы, реактивность и резистентность. Д., 2002;
- Бронхиальная астма. Д., 1993;
- Лечение больных бронхиальной астмой на курорте в Ходже Оби-Гарме. Д., 1993.
Эзоҳ
вироиш- ↑ От коронавируса скончался Намоз Бердиев
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 35-36. — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
Адабиёт
вироиш- Бердиев Намоз // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.