Намояндаи судӣ
Намояндаи судӣ - намояндаи судӣ гуфта, дар мурофиаи гражданӣ аз ҷониби як шахс ба манфиат ва аз номи шахси дигар иҷро намудани ҳаракатҳои мурофиавиро меноманд. Намояндагӣ дар мурофиаи гражданӣ институти махсус аст ва аз меъёрҳои ҳуқуқии мурофиаи гражданӣ иборат мебошад. Намояндаи судӣ тибқи моддаи 96 КМГ ба қатори шахсони иштирокчии парванда дохил мешавад. Институти намояидан судӣ имконнят медиҳад, ки шахси муайян ёрии сифатноки ҳуқуқӣ гирад, ҳамчунин шаҳрвандони бемор, дар сафари хизматӣ буда, ноболиғон, ашхоси ғайриқобили амал имконият пайдо мекунанд, ки ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя кунанд. Намояндаи судӣ ҳуқуқу манфиати шахсони дигарро ҳимоя мекунад. Дар фарқият аз прокурор мақомоти идораи давлатӣ, ки ҳуқуқу манфиати дигаронро дар мурофиаи гражданӣ ҳимоя мекунанд, намояндаи судӣ дар мурофиаи гражданӣ аз номи вакилкунанда баромад мекунад.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 329-330