Низоми ҳуқуқӣ — яке аз унсурҳои ҷомеа буда, якҷоя бо «низоми сиёсӣ», «низоми иқтисодӣ» ва ғ. арзи вуҷуд дорад. Низоми ҳуқуқии ҷомеа мураккаб буда, аз унсурҳои илмӣ- маънавӣ ва амалӣ-ҳуқуқӣ иборат аст, ки якҷоя ва вобаста ба ҳуқуқ ва шаклҳои ифодаи он (қонунгузорӣ) амал мекунанд. Ин унсурҳо, аз як тараф гуногунанд (ҳар яке аз онҳо нақши худро иҷро мекунад), вале аз тарафи дигар умумианд (аз он нигоҳ, ки вобастаанд, атрофи ҳуқуқ муттаҳид гаштаанд, вобаста ва дар асоси ҳуқуқ пайдо шудаанд). Маҳз аз ин нуқтаи назар (бо назардошти умумият) ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ низоми ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 343-344