Насиба Абдуллоева
Насиба Абдуллоева (ӯзбекӣ: Nasiba Abdullayeva; зод. 15 ноябри 1961, Самарқанд) — сароянда, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон (1993) ва Озарбойчон (2022)[1].
ӯзбекӣ: Nasiba Abdullayeva | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | Ёрмухамедова Насиба Меликовна |
Таърихи таваллуд | 15 ноябр 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Солҳои фаъолият | 1980 — то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Сабк | мусиқии поп, фолк |
Ношир(он) | Blue Flame Records |
Ҷоизаҳо | |
Сайти расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Студияи мусиқии Самарқанд (1979) ва Институти давлатии маданияти Тошкент (1989).
Эҷодиёт
вироишЭҷодиёташро аз иҷрои сурудҳои халқӣ шурӯъ карда, «Лазгии Хоразм», «Баригал», «Танавор»-ро ҳамчун дурдонаҳои эҷоди мардуми Шарқ ҷилвагар сохт. Маҳорати бадеӣ, овози нозуки ширадор, интихоби матнҳои баландмазмун хоси ҳунари Абдуллоева аст. Махсусан сурудҳои ишқӣ («Арзамро гуфтам», «Ҷони ман», «Малак» ва ғайра)-ро бо эҳсоси олӣ иҷро мекунад. Дар эҷодиёти Абдуллоева сурудҳои тоҷикӣ, туркӣ, озарӣ, эронӣ мавқеи намоён доранд. Чанд маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ кардааст. Филми телевизионии «Насиба» («Ӯзбектелефилм», 1989) ба эҷодиёти Н. Абдуллоева бахшида шудааст. Дар Тоҷикистон борҳо ҳунарнамоӣ карда, байни сокинони ин ҷо маҳбубият пайдо кардааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Azerbaijan awards popular Uzbek singer(англ.). Azernews.Az (30 August 2022). 30 августи 2022 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- АБдуллоева Насиба // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.