Насимҷон Зарипов
Насимҷон Ҳакимҷонович Зарипов (тав.17.12.1986, ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон) — фарҳангшинос, номзади илмҳои таърих (2019).
Насимҷон Ҳакимҷонович Зарипов | |
Таърихи таваллуд | 17 декабр 1986 (37 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фарҳангшиносӣ, таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зиндагинома
вироишНасимҷон Зарипов хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2010). Фаъолиятро дар кафедраи таърихи умумии факултети таърих оғоз намуда, солҳои 2010-2017 ба ҳайси ассистент, 2018-2020 муалими калон ва аз соли 2020 чун дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Номбурда дар баробари кор дар факултети таърих ҳамзамон солҳои 2014-2017 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москваи Федератсияи Россия таҳсил намуда, баъди дифои рисолаи хатми аспирантура, дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо буд, ки соҳиби диплом аз рӯи ихтисоси “фарҳангшинос” гардид. Рисолаи номзадиро дар мавзуи “Ташаккул ва рушди низоми маорифи Тоҷикистон (солҳои 1924-1929)” дифоъ намуд.Ба қалами ӯ зиёда аз 60 рисолаю мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ тааллуқ доранд.
Осор
вироиш- Таърихи ташаккул ва рушди низоми сотсиалистӣ дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ.Д., 2012 (ҳаммуаллиф);
- Империяи Муғулҳои Ҳинд.Д, 2014;
- Барқароршавӣ ва рушди системаи маорифи халқ дар Тоҷикистон (солҳои 1924-1929); («Становление и развитие системы народного образования в Таджикистане» (1924-1929 гг.). Рисолаи илмӣ. Д., 2021.