Насимҷон Ҳамробоев
Насимҷон Ҳамробоев (Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович; 14 октябри 1978, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд) — доктори илмҳои филология (2019), Аълочии маорифи Тоҷикистон, (2014)
Таърихи таваллуд | 14 октябр 1978 (46 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | Профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014) |
Зиндагинома
вироишҲамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович 14 октябри соли 1978 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2000 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст. Солҳои 2000—2003 аспиранти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Пас аз хатми аспирантура дар дар Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён ба ҳайси ходими хурди илмӣ (дар муддати солҳои 2000—2002), ходими калони илмӣ (дар муддати солҳои 2003—2004) корҳои илмиро давом додаст. Дар муддати солҳои 2006—2017 дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба ҳайси ҷонишини декан оид ба таълими факултети забонҳои шарқ (с.2006-2010), декани факултети забонҳои шарқ (2012—2015), докторанти кафедраи забон ва адабиёти факултети забонҳои шарқ (2015—2017) кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи октябри соли 2017 то кунун дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси мудири шуъбаи табъу нашри раёсати илм ва инноватсия кору фаъолиятро идома медиҳад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 2004 дар мавзӯи «Ҳаракати тарҷума дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои VIII—X)» рисолаи номзадиро дифоъ намуда, соли 2012 соҳиби дипломи дотсент (КОА Федератсияи Росия) гаштааст. Аз соли 2008 бо машварат ва роҳбарии шарқшиноси маъруф, узви вобастаи АМИҶТ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Низомиддин Зоҳидӣ аз болои рисолаи докторӣ кор карда, 14-уми октябри соли 2019 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои X—XIV)» бо муваффақият ҳимоя кардааст. Самти кори илмии ӯ ба масоили марҳалаҳои ташаккули ҳаракати тарҷума дар адабиёти Арабу Аҷам (тарҷумаҳои асримиёнагӣ) равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба заминаҳои густариши ҳаракати тарҷума дар аҳди Сомониён ва омилҳои ташаккули усулу равишҳои тарҷума аз забони арабӣ ба забони тоҷикиро муайян намуда, нақши тарҷумаро ҳамчун воситаи ҳифзу эҳёи осори классикии форсӣ-тоҷикӣ нишон додааст. Дар заминаи мавзӯи мазкур зери роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаҳои номзадӣ навишта истодаанд.
Осор
вироишДотсент Насимҷон Ҳамробоев муаллифи 2 монография ва беш аз 70 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-омавӣ мебошад. Дарвоқеъ китоби «Мероси ҷовидон»-и Н. А. Ҳамробоев фарогири пажӯҳишномаи муфассал ва мунтахаби 13 асари тарҷумашудаи асаримиёнагӣ буда, дар он маълумоти арзишманди таърихӣ ва илмӣ ҷамъоварӣ гаштаанд. Инчунин монографияи илмии ӯ «Ҳаракати тарҷума дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои VII-Х)» паҳлуҳои мухталифи осори давраи Сомониёнро дар худ ҷой дода, дар асар нақши Сомониён ба рушди фарҳанги давр ва таъсирпазирии он ба илму фарҳанги оянда хуб таҳқиқ гаштааст, ки ин ба дастовардҳои муҳими илмӣ соҳиб будани ин олими тоҷикро хабар медиҳад.
Китобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Насимҷон Ҳамробоев. Ҳаракати тарҷума дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои VII-Х). — Хуҷанд: Нури маърифат, 2016. −304 саҳ;
- Насимҷон Ҳамробоев. Мероси ҷовидон (китоби 1). — Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. −312 саҳ.
- Насимҷон Ҳамробоев. Осорномаи Узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ (осорнома ва мухтасари рӯзгори профессор Низомиддин Зоҳидӣ). — Хуҷанд: Меъроҷ. — 76 саҳ.
- Насимҷон Ҳамробоев. Таърих, назария ва амалияи тарҷума. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. — 386 саҳ
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи Тоҷикистон, (2014)