Насриддин Солеҳович Олимов (тав. 20.04.1961, деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ), номзади илмҳои химия (1994), дотсент (1998).

Насриддин Олимов
Насриддин Солеҳович Олимов
Таърихи таваллуд 20 апрел 1961(1961-04-20) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1978–1980 ҳамчун муаллими мактаби миёна кор кардааст. Солҳои 1980– 1982 афсари Артиши Шӯравӣ, 1983–1987 донишҷӯи факултети саноатию омӯзгории Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1987–1990 ассистенти кафедраи фанҳои умумитехникии донишкадаи номбурда, 1990 коромӯз, 1991–1994 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти химияи АИ Тоҷикистон, 1994–1998 муаллими калони кафедраи фанҳои умумитехникии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1998 дотсент ва аз соли 2008 мудири кафедраи технология ва мошиншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳамзамон, солҳои 1995–1999 ҳамчун муовини декани факултети технология оид ба корҳои таълимӣ, 2000–2007 раиси Шӯрои кураторони донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Оид ба оксидшавии хӯлаҳои алюминий-кремни, алюминий- германий, алюминий-қалъагӣ дар ҳолати моеъгиашон корҳои илмӣ бурдааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 50 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конференсияҳо ва симпозиумҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Суздал, Одесса, Екатеринбург бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

  • Системаи мошинҳои пахтакорӣ (Дастури методӣ), Д., 2001;
  • Дастур барои омӯзиши механизимҳои муҳаррикҳои дарунсӯз, Д., 2002;
  • Дастур барои омӯзиши системаи сарднамоӣ ва равғанмолии муҳаррикҳо, Д., 2003.

Пайвандҳо

вироиш