Насри I
Наср ибни Аҳмад (? — 892) — ҳокими вилояти Самарқанд ва амири Мовароуннаҳр (864—892), писари Аҳмад ибни Асад.
865 — 892 | |
Пешгузашта | Аҳмад ибни Асад |
Ҷонишин | Исмоили Сомонӣ |
Даргузашт | 892 |
Дудмон | Сомониён |
Падар | Аҳмад ибни Асад |
Дар аҳди салтанати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, бародараш Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни Насри I ва Исмоил зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Иғвогарон ин зиддиятро бештар намуда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сарзадани моҷаро сарпечии Исмоил ибни Аҳмад аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср — сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ибни Аҳмад ба бародари асирафтодааш Наср ибни Аҳмад, чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.[1]
Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ бародараш Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири (Мовароуннаҳр) ва минбаъд кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон -Давлати Сомониён гардид.[2]