Наттоқи телевизион
Наттоқи телевизион – корманди телевизион, қироаткунандаи матн дар назди камера. Наттоқи телевизион ҳам вазифаи иҷрогар ва ҳам вазифаи рӯзноманигор – муаллифро ба анҷом мерасонад. Наттоқи телевизион бояд одӣ, пурмазмун ва боваринок сухан гӯяд. Барои ӯ ба истиснои омилҳои зоҳирӣ - андоми зебо, овози форам ва талаффузи дуруст, маълумоти васеъ, донистани ҳаёт, ақл, чолокӣ, эҳсоси лутфу мутоиба, сабр, ҷиддият, бо коллектив кор карда тавонистан зарур аст. Наттоқи телевизион бояд мустақилона фикрронда якбора ба он эътино карда тавонад, то ҳам эътибори барномаро нигоҳ дораду ҳам обрӯйи худро.[1]
Наттоқони телевизиони Тоҷикистон
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 223. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |