Нахлии Бухороӣ (форсӣ: نخلی بخارایی‎; 1581/86, Бухоро — 1645/50, Балх) — шоири форс-тоҷик.

Нахлии Бухороӣ

Зиндагинома

вироиш

Бо тахаллуси «Киромӣ» ҳам шеър гуфтааст. Дар зодгоҳаш хату савод баровард. Чанд муддат дар Мадраса таҳсил карда, аз илмҳои расмии замон баҳраманд гардид. Аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Нисорӣ дар «Музаккиру-л-аҳбоб» хабар медиҳад, ки «Мавлоно Нахлӣ сурати хуб ва сурати марғуб дорад. Суханонаш дилкашу маҳбуби арбоби қулуб аст». Ӯ ғазалеро ҳамчун намунаи ашъори Нахлии Бухороӣ низ овардааст. Мутрибӣ ҳам Нахлии бухороӣро ҳамчун шоири номӣ ёд мекунад. Шуҳрати Нахлии Бухороӣ ӯро ба дарбори Имомқулихон кашид. Дар дарбор ҳам зиндагии Нахлии Бухороӣ якмаром намегузарад. Авомфиребии аҳли ҷоҳ, фисқу фуҷур, беқадрии сухан ва ғайра боиси он мегардад, ки Нахлии Бухороӣ дарборро тарк намояд.

Нахлии Бухороӣ шоири соҳибдевон буда, ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, таркиббанд ва ғайра сурудааст. Махсусан дар ғазалсароӣ мумтоз будааст. Шикоят аз замона, тараннуми ишқи пок, панду ҳикмат ва ғайра аз мавзӯъҳои ашъори ӯ мебошад.

Адабиёт

вироиш