Нахчирбозӣ

Яке аз бозигарон нақши шикорчӣ, дуюмӣ нақши саг ва бачаҳои дигар нақши нахчиронро бозӣ мекунанд. Шикорчӣ нахчирҳоро таъқиб карда, ба онҳо тир меандозад. Ба ҷойи тирандозӣ ӯ тоқияшро ба сӯйи нахчирҳо ҳаво медиҳад. Нахчири шикоршуда дар замин менишинад. Шикорчӣ бо сагаш ба назди ӯ меояд ва шикорчӣ дасти росташро ба гардани ӯ мегузорад, ки ин амал «ҳалол» кардани сайдро ифода мекунад. Дар Рашт, Дарвоз нимфаъол аст.[1]

Адабиёт

вироиш

1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976;

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 188