Низом Нурҷонов
Низом Нурҷонов – олим, санъатшинос, театршинос, доктори илми санъатшиносӣ 1968), профессор (1970), узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон (1961). Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон (1974), барандаи Чоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рудаки (2005)
Низом Нурҷонов | |
Таърихи таваллуд | 18 декабр 1923 |
Зодгоҳ | Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 18 март 2017 (93 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе , |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | санъат, театршиносӣ |
Ҷойҳои кор | Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | доктори илми санъатшиноси |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко, ИҶШС |
Ҷоизаҳо | Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон (1974), Чоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллохи Рудаки (2005) |
Зиндагинома
вироишНизом Нурҷонов 18 декабри соли 1923 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Нурҷонов дар айни авҷи балоғат буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ шуд, ӯ низ соли 1942 ба хидмати аскарӣ рафт. Пас аз хидмати сарбозӣ, соли 1947 Низом Нурҷонов Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм намуда, ба фаъъолияти омӯзгорӣ шурӯъ менамояд. Дар канори кори аслии худ аз соли 1948 бо машварати мардумшиносони рус ба гирдоварии маводи марбут ба расму ойинҳои мардумӣ машғул мешавад. Соли 1949 вориди аспирантураи шуъбаи ленинградии (ҳоло Санкт-Петербург) Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) мешавад. Яке аз мардумшиносони машҳур профессор Н.А.Кисляков роҳбари илмии ӯ таъйин мегардад. Н.Нурҷонов соли 1951 дар мавзӯи «Решаҳои театри мардумии тоҷикон» (Дар асоси маводи вилояти Кӯлоб) рисолаи номазадии худро дар шаҳри Ленинград дифоъ карда, барои кор ба Институти таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикстон меояд.
Нурҷонов аз соли 1952 дар Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, шуъбаи таърихи санъатро асос гузошта, аз соли 1958 мудирияти онро худ бар уҳда дошт. Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолияти омӯзгорӣ низ кардааст. Аз соли 1953 аввал дар Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе, баъдан дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1967 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барои донишҷуён дарс гуфта, соли 1970 сазовори унвони профессорӣ гардидааст. Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон. Низом Нурҷонов рӯзи 18 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ дар синнни 93 солагӣ аз олам даргузашт.[1]
Фаъолияти илмӣ
вироишДонишманд ба таври мунтазам дар корҳои таҳқиқӣ ширкат намудааст: Кӯлоб (1948), Ғарм (1952-1954), Зарафшони Боло (1957-1960), Бухоро (1958-1961), Помири ғарбӣ (1959-1971), вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд, 1961-1965). Ҳамчунин сафарҳои зиёди илмӣ дар деҳоти тоҷикнишини гуногуни Осиёи Марказӣ доштааст. Профессор Нурҷонов дар бораи таърихи театри муосири тоҷик, шахсиятҳои маъруфи он асарҳои зиёде дорад. Соли 1956 рисолаи илмии Н.Нурҷонов дар шакли китоб бо номи «Театри мардумии тоҷик: бар асоси маводи вилоят Кӯлоб» ба забони русӣ чоп шудааст. Соли 1968 Низом Нурҷонов дар мавзӯи «Таърихи театри шӯравии тоҷик (солҳои 1917-1941)» рисолаи доктории худро дифоъ кардааст.
Осор
вироиш- «Дар олами балет» (1975),
- «Муҳаммадҷон Қосимов» (1978; 2007),
- «Драмаи халқии тоҷик» (1985),
- «История таджикского совесткого театра» (солҳои 1917-1941) (1967),
- «Таджикский театр» (1968),
- «Аслӣ Бурҳонов» (1982),
- «Малика Собирова» (2001),
- «Театральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов (Х1Х-ХХвв.)» (2001),
- «Традиционный театр таджиков» (2002, дар ду ҷилд),
- «София Тӯйбоева» (2007),
- «Олами беканори рақси тоҷик» (2004),
- «Ҳоҷиқул Раҳматуллоев» (2005),
- «Ҳошим Гадоев» (2007),
- "Фаррух Қосимов" (2009),
- «Мавригӣ (Мусиқии анъанавии эрониёни Бухоро)» (бо ҳамкории Баҳриниссо Қобилова) (2008),
- «Ато Муҳаммадҷонов» (2010),
- «Музыкальное искусство Памира» (Ба ҳамкории Ф. Кароматов, Баҳриниссо Қобилова) (2010)
ва ғайра дар шинос намудани бахшҳои гуногуни фарҳанги ҳунарии касбӣ ва суннатии тоҷикон арзиши баланд доранд.[2]
Донистаниҳо
вироиш- Низом Нурҷонов матраҳтарин пажӯҳишгари театр ва рақси тоҷикӣ ба шумор мерафт. Ӯ нахустин мудири шуъбаи таърихи санъат, ки соли 1958 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, мебошад ва то охири умр масоили марбут ба театр ва рақси тоҷикиро таҳқиқ кардааст.
- Бародари Низом Нурҷонов – Зуҳур Ҳабибуллоев – низ аз рассомони маъруфи тоҷик буд. Рассоми мардумии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев соли 2013 даргузашт.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Даргузашти профессор Низом Нурҷонов(пайванди дастнорас)
- ↑ [1]