Нашити Форсӣ
Нашити Форсӣ (ар. نشيط الفارسي; ?, Рай — ?, Мадина) — мусиқидон, овозхон ва навозандаи эронӣ.
Кишвар | |
---|---|
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Зиндагинома
вироишМусиқиро аз падараш омӯхтааст. То ҳуҷуми арабҳо ба Эрон Нашити Форсӣ дар дарбори Яздигурди II Сосонӣ чун мутриб хидмат карда, сарварии дастаи мусиқидононро бар уҳда дошт. Арабҳо баъди истилои Эрон Нашити Форсиро бо худ ба Мадина бурданд. Ӯ дар ин ҷо забони арабиро омӯхт.
Нашиди Форсӣ бештар дар иҷрои суруду оҳангҳои мавсимӣ ва маросимӣ (баҳория, марсия) шуҳрат дошт ва дар ин мавзӯъ асарҳои зиёд эҷод кардааст. Ӯ чанде дар дарбори халифаҳои араб Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва Абдулмалик ибни Марвон хидмат намуд ва бо ҳамкории шогирдаш Ибни Муҳриз дастаҳои мусиқӣ ташкил кард. Нашиди Форсӣ аввалин ҳунармандест, ки ба мусиқии арабӣ шакли маъмули мусиқии мардуми Хуросон «равошин»-ро дохил намудааст.
Баъзе ҳунармандон мисли Ҷамила, Ибни Сурайё, Маъбад, Ибни Муҳриз ва ғайра, аз шогирдони Нашиди Форсӣ мебошанд
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Нашити Форсӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).