Наҷдия (ар. نجدات‎ – наҷдот) — яке аз фирқаҳои хавориҷ аз пайравони Наҷда ибни Омир ё Уваймир. Пайравони ин фирқа аз дигар гурӯҳҳои хавориҷ бо корбурди тақия фарқ мекунанд. Онҳо барои ҳифзи молу ҷон ва ҳамин тавр нашри андеша¬ҳои динии хеш бо истифода аз равиши тақия худро чунон нишон медиҳанд, ки гӯё аз ҷумлаи хавориҷ нестанд.

Дар замони Абдулмалик ибни Марвон, халифаи умавӣ пайравони тоифаи наҷдия дар Мадина, Қатиф, Сиистон ва сарзаминҳои дигаре хуруҷ ва ба қатлу ғорати мардум пардохтанд. Оқибат дар миёни онҳо ихитилоф ва парокандагӣ афтод, сарвари тоифа Наҷда соли 72 ҳ. кушта шуд ва Абдулмалик бозмондаҳои онҳоро аз байн бурд.

Адабиёт

вироиш
  • Доиратулмаорифи форсӣ, ҷ. 2. — Теҳрон, 1380 ш.