Хавори́ҷ (аз ар. الخوارج‎ — ҷамъи хориҷӣ, ар. خارِجِيُّ‎ — ба маънои исёнгар, ошӯбгар, ҷудоихоҳ ва хуруҷкунанда бар зидди намояндаи ҳокимият) — дар истилоҳи фирқашиносии динӣ номи гурӯҳе аз мусулмонон дар сипоҳи Алӣ ибни Абутолиб, ки дар аснои ҷанги Сиффин пас аз қазия ҳакамият бар зидди вай хуруҷ карданд, тарҳи ҳакамиятро аз сӯйи вай шаръан нораво ва Аливу Муъовия ҳардуро бо иртикоби ба фикрашон ин гуноҳ кофир шумурданд. Аз он ҷо ки барои рехтани тарҳи ин нақша дар деҳае наздики Куфа бо номи Ҳаруро (ар. الحَرُورَاء‎) гирд омада буданд, ба онҳо ҳарурӣ ва ҳарурия низ гуфта мешавад.

Таърих

вироиш

Таассуби фирқаӣ ва бероҳии фикрии хавориҷ рӯз то рӯз шиддат гирифт ва бо ҳар касе, ки ба онҳо мувофиқ набуд, ба ҷанг пардохтанд ва аз тамоми фирқаҳои навзуҳур дар он рӯзгор бештар ба қатлу куштор ва ди­фоъ аз андешаҳои динии худ пардохтанд. Дар роҳ ба саҳобаи расули Худо (с) Абдуллоҳ ибни Хаббоб вохӯрда, ӯро ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳодат расониданд ва шиками ҳамсарашро, ки ҳомила буд, по­ра сохта, тифлро берун афканданд.

Халифаи ислом Алӣ бо ҳар васила ва дар ҳар мавриде ба ҳидоят ва иршоди онҳо талош варзид ва ҳар боре ба сухан мебаромад, яке аз онҳо бар­хоста ба унвони эътироз: Ло ҳукма илло лиллоҳ мегуфт ва маҷлисро барҳам мезад. Алӣ аз онҳо хост, ки кушандаи Абдуллоҳро ба ӯ таслим кунанд, онҳо ҷа­воб доданд, ки мо ҳамаамон ӯро куштаем.

Вақте талошҳои халифаи чаҳорум Алӣ дар ҳидояти хавориҷ натиҷае на­бах­шид ва дар Наҳравон – минтақае дар байни Восит ва Бағдод лашкари азиме бар зидди вай гирд овар­данд, Алӣ ноилоҷ ба онҳо ҳамла ва аксари онҳоро дар Наҳравон аз байн бурд. Гарчи дар ин ҷанг аксари хавориҷ кушта шуданд, вале ақоид ва анде­шаҳои инҳирофии онҳо аз байн нарафт. Ҷамъе аз онҳо пас аз ҷанги Наҳравон ба фикри куштани Алӣ, Муъовия ва Амр ибни Ос – се шахсияти номдор ва таъ­сиргузори ислом дар он рӯзгор баромаданд ва тайи суиқасде дар куштани Алӣ комёб шуданд.

Пас аз он бозмондаҳои ин хавориҷ ҳамвора дар атрофи сарзаминҳои паҳновари исломӣ ба шӯриш сар бароварданд ва фитнаҳо барпо карданд. Дар байнашон фирқаҳои мухталифе зуҳур карданд, ки ҳар як ба муносибати саркардаи худ номи ҷудогонае ба худ гирифт ва дар баъзе ақоид бо дастаҳои дигар ихти­ло­фи назарҳо доштанд. Бо ин вуҷуд тамоми тавоифи хавориҷ Алӣ, Муъовия, Усмон, асҳоби Ҷамал, ҳакамайн ва ҳамаи онҳоеро, ки ба қазияи ҳакамият ризоят до­даанд, кофир мешуморанд ва хуруҷ бар зидди халифа, имом ва султони зо­лимро аз воҷиботи имонии худ медонанд. Хавориҷ амалро ҷузъи имон мегуф­танд ва яке аз ақида­ҳои тундравонаи онҳо ин буд, ки гуноҳи кабираро бо куфр як медонистанд ва дар натиҷа аз касе гуноҳи кабирае сар мезад, ба ақидаи онҳо кофир мегардид ва ба қатли вай иқ­дом мекарданд.

Фирқаҳо

вироиш

Дар шумори машҳуртарин фирқаҳои хавориҷ метавон инҳоро ном бурд:

Ақида

вироиш

Хавориҷ ғолибан куштани занону кӯ­дакони мухолифони худро раво медонанд ва ба ин сабаб фитнаҳо ва ошубҳои эшон дар тӯли таърих ҳамеша бо куштору ғорат ҳамроҳ будааст. Хавориҷ ба хотири радди қазияи таҳким – ҳакамият муҳаккима ва бо истинод ба ояти 74 сураи Нисо, ки дар васфи муъминон воқеӣ омадааст, худро шурот – охиратхоҳ низ номидаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Доиратулмаорифи Форсӣ, ҷ. 1. – Теҳрон, 1398 ш;
  • Муҳаммад Абу­зуҳра, Зиндагонӣ, аср, афкор ва фиқҳи Абуҳа­нифа. – Қоҳира:
  • Дору-л-фикри-л-арабӣ, 1997.