Наҷмиддин Раҳимов
Наҷмиддин Раҳимов (19 феврали 1926, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театр ва овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960).
Таърихи таваллуд | 19 феврал 1926 |
---|---|
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 1994 |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960) |
Зиндагинома
вироишМаълумоти махсуси касбӣ надорад, солҳои 1938—1968 дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд кор кардааст, вале аз суруду мусиқӣ лаҳзае дил накандааст. Соли 1956 дар Фестивали байналмилалии эҷодиёти халқ дар Маскав соҳиби диплом гардидааст. Иштирокдори фаъоли азназаргузарониҳои вилоятию ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъат буд. Хусусан сурудҳои классикиро бо авҷашон иҷро менамуд. «Дугоҳ», «Танаввор», «Ироқи Бухоро», «Ушшоқи Содирхон», «Ушшоқи Самарқанд», «Савти ушшоқ», «Ороми ҷон» барин сурудҳо бо садои дилкашаш дар дилҳо нишастаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.