Наҷмӣ Сайфиев
Наҷмӣ Сайфиев (тав. 12.06.1932, деҳаи Варгонзаи ноҳияи Китоби ҶШС Ӯзбекистон), адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1981), профессор (1983). «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998)
Таърихи таваллуд | 12 июн 1932 (92 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Китоб, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1994), нишони «Барои мувафақиятҳо дар кор» |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1946–1951 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории мардонаи шаҳри Самарқанд, 1952–1957 дар факултети таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1957–1958 лаборанти Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1958–1959 лаборанти калон ва ходими хурди илмии Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Тоҷикистон, 1959–1962 аспирант, 1962–1964 ходими хурди илмӣ, 1964–1967 ходими калони илмии шуъбаи номбурда буд. Солҳои 1967–1969 ҳамчун муаллим, 1969–1970 муаллими калон, 1970–1983 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики донишкадаи омӯзгории пойтахт кор кардааст. Аз соли 1983 то ба имрӯз профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Ҳамзамон, солҳои 1976–1984 вазифаи муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба корҳои илмӣ, 1984–1989 вазифаи мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба уҳда дошт.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 150 номгӯ асарҳо ва мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Оид ба эҷодиёти Нахлии Бухороӣ ва равияҳои асосии инкишофи достони ишқӣ дар назми асри XIV форсу тоҷик корҳои илмӣ бурдааст. Бо роҳбарии ӯ 16 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 3 нафар рисолаҳои докторӣ дифоъ кардаанд. Дар конференсияҳо ва симпозиумҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо баромад намудааст. Хидмати ӯ дар таҳия ва дастраси хонандагон гардонидаи осори классикони форсу тоҷик низ калон аст. «Асарҳои мунтахаб»-и Нахлии Бухороӣ (1988), «Хусравнома»-и Аттори Нишопурӣ (1990) аз ҷумлаи онҳост. Солҳои дароз узви Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ дар ихтисоси филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Барои хидматҳои шоёнаш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1994), нишони «Барои мувафақиятҳо дар кор» ва дигар медалҳову ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осор
вироишНахлии Бухороӣ, Д., 1969; Ҳофизи Таниш ва «Шарафномаи шоҳӣ»-и ӯ, Д., 1973; Ҷалоли Толиб ва матни илмию интиқодии достони ӯ «Гулу Наврӯз», Д., 1975; Достонсароии форсу тоҷик дар асри XIV, қ. 1, 2, Д., 1983; Адабиёти тоҷик дар асрҳои XI-XII, қ.1, Д., 1995; Адабиёти тоҷик дар асрҳои XI-XII, қ. 2, Д., 1999; Адабиёти тоҷик дар асрҳои XVI, XVII, XVIII ва нимаи аввали асри XIX, Д., 2004; Таърихи адабиёти тоҷик нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX, Д., 2009.