Неругоҳи барқи обии Қайроқум (собиқ НБО «Дӯстии халқҳо») — (дар Сирдарё) солҳои 1956—1957 сохта шудааст ва дорои 6 гидроагрегат аст, ки иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад. Иқтидори умумии НБО Қайроққум — 126 ҳазор кВт аст.

НБО «Қайроққум»
Логотипи НБО Қайроққум
Логотипи НБО Қайроққум
Кишвар  Тоҷикистон
Дарё Сирдарё
Молик ШСХК "Барқи тоҷик"
Соли оғози сохтмон 1956
Соли бакордарории агрегатҳо 1957
Мушаххасоти асосӣ
Навъи нерӯгоҳи барқӣ барқии обӣ
Тавоноии барқӣ, МВт 126 ҳазор кВт
Тавсифоти таҷҳизот
Навъи турбина ПЛ – 495 – ВБ – 500
Шумора ва маркаи турбинаҳо 6
Тавоноии генераторҳо, МВт 21 ҳазор кВт
Дар харита
НБО Қайроққум (Тоҷикистон)
Нуқтаи сурх
НБО Қайроққум

Обанбори Баҳри тоҷик ва НБО – Қайроққум

Агрегатҳои НБО Қайроққум аз рӯи ин тартиб ба кор оғоз кардаанд: Соли 1956 — ду агрегат Соли 1957 — чор агрегат Турбинаҳои обии намуди ПЛ — 495 — ВБ — 500 дар заводи турбинаҳои обии Сызран истеҳсол гардидаанд. Иқидори турбинаҳо — 23, 6 мВт, шиддати муҳосибавиашон — 15 м, масрафи ҳисобшудаи об — 180 м 3 / сония, доираи чархи кориашон — 4,995 м буда дар як дақиқа 125 бор давр мезананд. Генераторҳои обии намуди ВГС — 700/100 — 48 истеҳсоли заводи «Уралэлектротяжмаш» — и ба номи В. И. Ленин, шаҳри Уралск ҳастанд. Иқтидори генератор 21 мВт аст. Шиддати генератор 10,5 кВ буда, дар як дақиқа 125 маротиба давр мезанад. Трансформатори қудратӣ: ду гурӯҳи хар кадомашон аз се якфазагии секалобадори иқтидорашон 30 МВА ва шиддаташон 220/110/10 кВт иборат аст(Тавлиди заводи трансфарматорбарории шаҳри Маскав).

Ҳаҷми обанбори НБО — Қайроққум (ҳоло Обанбори Баҳри тоҷик.):

  • дарозиаш қариб 65 км;
  • васеъгиаш аз 50 то 20 км (таъғирёбанда);
  • масоҳати сатҳи оби обанбор — 513 км;
  • ҳаҷми умумӣ — 3413,5 м3;
  • ҳаҷми фоиданоки он- 2743 м3;
  • сатҳи аз ҳама зиёди оби он — 374, 5 м.

НБО Қайроққум бо шабакаҳои Обанбори Баҳри тоҷик: бо се ХИБ — и 220 кВт ва панҷ ХИБ — и 110 кВт пайваст аст.

Лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум»"

вироиш

23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО "Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.[1]

Шуруъ аз соли 2019 корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз 5 сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт баланд бардошта шуд.

Дар доираи лоиҳаи навсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз як қисми таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 6 трансформатори иқтидорашон 40 МВА ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрас намудани онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуд. Ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.[2]

Пайвандҳо

вироиш