Неъмат Халилов
Неъмат Халилов — коргардони телевизиони Тоҷикистон фарзанди Муҳаммад Халилов.
Неъмат Халилов | |
| |
Таърихи таваллуд: | 7 феврал 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе |
Касб: | ҳунарпеша |
Зиндагинома
вироишНеъмат Халилов дар мактаби миёнаи № 7 ш. Душанбе хондааст (1957—1966). Омӯзгор (1966), Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст (1972). Ҳунарманди оркестри эстрадии давлатии «Гулшан» (1972—1977), саркоргардони барномаҳои фарҳангии Телевизиони Тоҷикистон (аз с.1974) буд.
Эҷодиёт
вироишТаҳиягари намоишномаҳои озмун-фестивали санъати бадеии ҷумҳурияви, консертҳои камеравӣ ва симфонӣ, ансамблҳои касбӣ ва солистони Телевизиони Тоҷикистон театрҳо ва филармония, гурӯҳҳои яккахони эстрада, намоишҳои телевизионӣ. Дар мулоқот бо чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳуриявӣ дар баромаҳои «Сӯҳбати мардона», «Хуш омадед», «Оила», консертҳои идонаи «Оташаки солинавӣ», филм-консерти «Суруди ман» бо ширкати Кароматулло Қурбонов, «Аё сайёд» бо Одина Ҳошим, «Дарёи суруд» бо Саидқул Билолов ва ғ. саҳм гузоштааст.[1]
Пайвандҳо
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, с.133.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |