Саидқул Билолов
Саидқул Билолов (5 октябри 1953, ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон) — овозхон ва оҳангсози тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ (2002).
Саидқул Билолов | |
Таърихи таваллуд | 5 октябр 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара |
Пеша(ҳо) | овозхон, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999) |
Зиндагинома
вироишСаидқул Билолов 5 октябри соли 1953 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1963 ба Мактаб-интернати миёнаи мусиқӣ хореографии ҷумҳуриявӣ (имрӯз ба номи М. Атоев) дохил гардида, соли 1971 онро бомуваффақият хатм менамояд Замоне, ки ҳамагӣ 12 сол дошт, фаъолияти овозхонии худро шурӯъ кард. Ӯ феълан аз муваффақтарин оҳангсозон ва хонандагони муосири тоҷик аст, ҳарчанд худро ситора намедонад. Саидқул Билолов аз аввалин хатмкардаҳои мактаби мусиқии Малика Собирова мебошад.
Солҳои 1971—1976 дар факултаи созҳои халқии (рубоб) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил кардааст.
Аз соли 1982 то имрӯз Саидқул Билолов дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда, роҳбари бадеии Ансамбли «Дарё», директори маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ кор мекунад. Солҳои 2000—2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва кор бо ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2000 вакили мардумии МН МО Тоҷикистон интихоб шудааст.[1].
Эҷодиёт
вироишБеш аз 300 суруду тарона, бадеҳа, сюитаҳои созӣ-овозии ӯ дар хазинаи радио маҳфузанд. Санъати тоҷикро дар Австрия (1979), Испания (1984), Руминия (1986), Белгия (1994), Германия (1997, 2000), Туркия (2000), Франсия (2005), Хитой (2006), Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон (2007), Қатар, ИМА (2008), Ҳиндустон (2008) муаррифӣ намудааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо унвонҳои фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999), Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2002), Ордени «Дӯстӣ» (2005) ва медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Осор
вироишСабти нотавии сурудҳои С. Билолов дар китобҳои «Дарёи суруд» (2002, 2007) ва «Дилнома» (2011) нашр шудаанд.
- Сурудҳо ва сюитаҳо
- 1980 — «Ватан», шеъри Ҷамолиддин Каримзода.
- 1980 — «Хайр, то рӯзи дигар», шеъри Гулрухсор Сафиева, бо
- оркестри созҳои халқӣ.
- 1982 — «Зиндагӣ дарёст», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1982 — «Бибор, эй барф», шеъри Камол Насрулло.
- 1983 — «Бӯса ба дунё задам», шеъри Бозор Собир.
- 1986 — «Шукуфаи андӯҳ», шеъри Фурӯғи Фаррухзод.
- 1987 — «Эй сорбон, оҳиста рон!», шеъри Саъдии Шерозӣ.
- 1987 — «Синафигор», шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ.
- 1987 — «Дилхунук», шеъри Бозор Собир.
- 1990 — «Бинол, эй най», шеъри Шаҳриёр.
- 1990 — «Дилнома», шеъри Абулқосим Лоҳутӣ.
- 1990 — «Хами абрӯ», шеъри Ҳофизи Шерозӣ.
- 1990 — «Кӯҳи лолагардан», шеъри Бозор Собир.
- 1990 — Сюитаи наврӯзӣ — 3 қисм, шеъри Низом Қосим.
- 1993 — «Суруди садоқат», шеъри Кароматулло Олимов.
- 1993 — «Тоҷикистон — ҷону ҷонон», шеъри Назри Яздонӣ.
- 1993 — «Сайқали дунё», шеъри Низом Қосим.
- 1993 — «Офтобо», шеъри Ҷалолиддини Балхӣ.
- 1993 — «Дар дили ман монд», шеъри Бозор Собир.
- 1994 — «Чанори садсола», шеъри Бозор Собир.
- 1994 — «Азизи раҳдур», шеъри Ҷамолиддин Каримзода.
- 1994 — «Шаҳри умед», шеъри Низом Қосим.
- 1995 — «Хоки Ватан», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
- 1997 — «Хумор», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 1997 — «Таронаи ваҳдат», шеъри Низом Қосим.
- 1997 — «Тирамоҳ», шеъри Бозор Собир.
- 1998 — «Ишқи ту», шеъри Нодири Нодирпур.
- 2001 — «Рӯди ман», шеъри Мирзо Турсунзода.
- 2002 — «Ҳоло чаро?», шеъри Шаҳриёр, бо оркестри эстрадӣ.
- 2003 — «Даъват», шеъри Ҷалолиддини Балхӣ.
- 2004 — «Дарахти дӯстӣ», шеъри Хоҷа Ҳофиз.
- 2004 — «Тоҷикистон», шеъри Бозор Собир, бо оркестри эстрадӣ.
- 2005 — «Минбару тахти ман», барои оркестри эстрадӣ.
- 2005 — «Ғамхори ҳам бошем», шеъри Файзи Кошонӣ.
- 2005 — «Нози чаман». Сюита аз 3 қисм. Бар ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайнӣ ва Салими Хатлонӣ.
- 2006 — «Давлати поянда». Сюита иборат аз 4 қисм. Шеърҳои Саъдӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ.
- 2006 — «Ориёно», шеъри Назри Яздон, барои оркестри симфонӣ ва хор.
- 2006 — «Тоҷикистон», шеъри Низом Қосим, бо оркестри симфонӣ.
- 2006 — «Шукӯҳи тоҷикон», шеъри Камол Насрулло, барои оркестри симфонӣ ва хор.
- 2007 — «Асрори ишқ». Сюита аз 4 қисм. Шеърҳои Ҷалолиддини Румӣ.
- 2007 — «Сурхии рӯятро бидеҳ», шеъри Бозор Собир, барои оркестри симфонӣ ва хор.
- 2007 — «Олучаи латтадор», шеъри Бозор Собир.
- 2008 — «Аз хуни Сиёвушем», шеъри Бозор Собир.
- 2008 — «Арсаи ҳунар», шеъри Сафармуҳаммади Айюбӣ.
- 2008 — «Дидори Ватан», шеъри Бозор Собир.
- 2008 — «Шод зӣ», шеъри Абуабдулло Рӯдакӣ.
- 2008 — «Забони модарӣ», шеъри Бозор Собир.
- 2008 — «Марсияи модар», шеъри Лоиқ Шералӣ.
- 2008 — «Танго», шеъри Гулрухсор.
- 2008 — «Бе ту», шеъри Лоиқ Шералӣ, бо оркестри эстрадӣ.
- 2009 — «Ҷои ту холист», шеъри Бозор Собир.
- 2009 — «Мурғи ҳақ», шеъри Гулрухсор.
- 2009 — «Ватан», шеъри Ҷамолиддин Каримзода, бо оркестри эстрадӣ.
- 2009 — «Найнома», шеъри Бозор Собир.
- 2009 — «Даҳ соли ғурбат».
- 2011 — «Баҳор омад», шеъри Ҷалолиддини Балхӣ.
- 2011 — «Таронаи Ваҳдат», шеъри Бозор Собир.
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.ozodi.org/content/article/2132419.html Бозор Собир: Ҳеч шоир баробари Саидқул шеър намедонад 19.08.2010 Озодӣ
Адабиёт
вироиш- Билолов Саидқул / Н. Шарипов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Таджикская музыка. Д., 2003;
- Энсиклопедияи Кӯлоб. Д., 2006;
- Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.
- Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011.