Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ
Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ (форсӣ: فارغ بدخشانی; ? — қарни XVII) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишГузаштагони Неъмат аслан аз Масчо будаанд. Неъмат дар Самарқанд таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо камол ёфта, илмҳои сарфу наҳв, мантиқу калом, ҳикмату ҳайат, ҳадису тафсир, фиқҳ, ва инчунин рамлу нуҷум арузу қофияро мукаммал омӯхтааст. Неъмат дар давраи ҳукмронии Амирбекӯғлӣ дар Самарқанд муҳтасиб буд. Баъд аз вафоти Амирбекӯғлӣ Бухоро рафта, ба хидмати Абдулазизхон дохил шуд. Дар иншонависӣ аз ҳамаи муншиёни дарбор бартарӣ доштааст. Баъд аз ҷулуси Султонқулихон дар Бухоро (1680) аз хидмат рафта, гушанишинӣ ихтиёр кард.
Ашъорн Неъмат, хусусан ғазалҳову рубоёташ соддаву равонанд. Мероси манзуми Неъмат ба тарзи муҷтамеъ боқӣ на- мондааст. Вале ба воситаи тазкираҳо як миқдор абёти ӯ ба мо расидааст.
Ин рубоӣ намунаи шеъри ӯст:
Неъмат, ту мудом бода танҳо нахӯрӣ,
Гар бода хӯрӣ даме ту бо мо нахӯрӣ.
Донӣ сари зулф аз чӣ рӯят надиҳад.
То бо сари зулфат ба касе во нахӯрӣ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).