Мавлоно Камолуддин Абдулвосеъ ибни Ҷамолуддин Низомии Бохарзӣ (форсӣ: عبدالواسع بن جمال‌الدین نظامی باخرزی‎; ? — 1503[1]) — нависанда ва шоири форс-тоҷик.

Низомии Бохарзӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1503
Навъи фаъолият: шоир, нависанда

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Бохарз. Пас аз касби камол дарбори султон Ҳусайни Бойқаро ҳамчун муншӣ хидмат карда, ба таълифи таърихи салтанати султон пардохтааст. Азбаски дар он ташбеҳоту истиороти зиёде оварда буд, ба сул­тон Ҳусайн мақбул нашуд. Аз Низомии Бохарзӣ қасида, қитъа, номаҳо ва шеърҳои ҳачвӣ боқӣ мондааст. Инчунин бо номи «Мақомоти Ҷомӣ» асари ёддоштие таълиф кар­дааст.

Низомии Бохарзӣ асари мазкурро соли 1492 андаке пеш аз вафоти Ҷомӣ ба навиштан шурӯъ карда, пас аз вафоташ ба итмом расондааст. Дар ин асар роҷеъ ба ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти эҷодию шӯҳрати Ҷомӣ, манзараи умумии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва илмию мадании шаҳри Ҳирот маълумоти муҳим медиҳад. Низомии Бохарзӣ воқеаву ҳодисаҳоро дар китоб аз номи худи Ҷомӣ ва шарикдарсону шогирдонаш нақл мекунад. Ӯ худро шогирди Ҷомӣ медонад ва бино ба гуфтааш қариби панҷоҳ сол бо Ҷомӣ ҳамсуҳбат будааст.

  1. عبد الواسع نظامي باخرزي(форсӣ). باهم بگردیم. 14 Январ 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Низомии Бохарзӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).