Низоми Астарободи (форсӣ: نظام استرابادی[1]; ? — 1516) — шоир ва муаммосарои и форс-тоҷик.

Низоми Астарободӣ
Таърихи даргузашт: 1516
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи маълумоти тазкираҳо («Туҳфаи Сомӣ», «Рӯзи равшан», «Маҷмаъу-л-фусаҳо» ва ғайраҳо) Низоми Астарободӣ шахси донишманд ва аз номварони Астаробод будааст. Дар ҷавонӣ санъати муамморо омӯхта ва шоириаш низ аз сурудани муаммо оғоз ёфтааст. Навоӣ дар «Маҷолису-н-нафоис» ба ин ҳунари Низоми Астарободӣ ишора намуда, ба таври намуна яке аз муаммоҳояшро меорад. Қасида, ғазалҳои ишқӣ, ҳасбиҳолӣ, тарҷеъбандҳо дорад. Дар чанде аз ғазалҳояш афкори пандуахлоқӣ ва тарбиявӣ ифода ёфтаанд. Дар поёни умр Низоми Астарободӣ равияи эҷодии худро дигар кард. Тақрибан 4 ҳазор байт қасида ва тарҷеъбандҳое, ки махсули эҷо­дии охири умри шоиранд, ба васфи пайғамбару оли ӯ оиданд. Дар баробари ин гуна ашъори динӣ ва аз ҷиҳати ғоявӣ паст Низоми Астарободӣ ашъори рангин ва сухану лафзи ороста бо санъатҳои бадеӣ дорад. Ин абёт намунаест аз шеъри ӯ:

Тират гузашт аз ҷон, дар дил гирифт манзил,
Нон ёфт роҳат, аммо кори дил аст мушкил.
Тират зи шасти ҳиҷрон бар ҷону дил нишаст,
Гӯям барорам аз ҷон, аммо нагӯям, аз дил.

Шаб дар фазо аз моҳи нав киштӣ дар об андохта
В-аз офтобаш лангари зарринтаноб андохта.

  1. Targan Management Systems- http://targan.ir. نظام استرابادی(форсӣ). آکادمی فرهنگی مولانا. 3 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Низоми Астарободӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).