Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти муайян

Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти муайян - (муайян кардан, муқаррар кардани сифат) тарзи муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ, ки барои гирифтани ваколатнома ба овозҳои аз пешина муқарраршуда зиёд ноил гардидан лозим аст. Низоми интихоботи мазкур на ҳар вақт истифода мешавад, вале дар замони ҳозира гоҳ-гоҳ вомехӯрад. Масалан, дар Чили 120 аъзои Палатаи вакилон аз 60 ҳавза 2-касӣ аз ҳар як ҳавза интихоб мешаванд. Ҳизбҳои сиёсӣ рӯйхати номзадҳоро пешниҳод мекунанд, ки ҷойҳо дар он ба таври зерин дода мешаванд: агар ҳизб аз се ду ҳиссаи овозҳои ҳақиқиро соҳиб шуда бошад, пас ҳар ду ҷойро аз ҳавза мегирад. Агар ягон ҳизб аз 2/3 овозро соҳиб шуда натавонад, пас як ваколатнома ба ҳизбе дода мешавад, ки аз ҳама зиёд овоз гирифта бошад, дуюмаш ба ҳизбе, ки аз рӯйи шумораи овозҳо дар ҷои дуюм бошад (ниг. ба Низоми интихоботи мажоритарӣ).[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 338