Низоми ҳуқуқи конститутсионии ҶТ

Низоми ҳуқуқи конститутсионии ҶТ - маҷмӯи қисму узвҳои бо ҳам алоқаманд, ки ҳолати таркибии ҳуқуқи конститутсиониро дар байни дигар соҳаҳои ҳукуқ муайян мекунанд. Ҳуқуқи конститутсионӣ аз меъёрҳое иборат аст, ки аз рӯйи мазмун, иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ, муносибатҳои танзимшаванда (объект) ва нишонаҳои зиёди дигар гуногун мебошанд. Ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун қисми низоми ягонаи ҳуқуқ, дар навбати худ низоми мураккаб мебошад. Он аз меъёрҳои зиёде иборат аст, ки падидаҳои ҳуқуқӣ-конститутсиониро ташкил менамоянд ва ҳамчун узви таркибии ин низом амал мекунанд. Дар низоми ҳуқуқӣ- конститутсионӣ падидаҳои зеринро ҷудо мекунанд, ки онҳо узвҳои асосии соҳаро ташкил намуда, меъёрҳоеро муттаҳид месозанд, ки: 1) асосҳои сохтори конститутсионӣ; 2) асосҳои вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд; 3) сохтори давлатӣ ва марзию маъмурӣ; 4) тарзи ташкилёбӣ ва фаъолият, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллиро устувор менамоянд. Ҳар яке аз ин падидаҳо низ аз низоми муайяне иборатанд, ки хусусиятҳои ба худ хос доранд, вале дар маҷмӯъ онҳо низоми ҳуқуқи конститутсиониро ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқи ҳар як мамлакат ташкил менамоянд (ниг. ба Ҳуқуқи конститутсионӣ, Ҳуқуқи давлатӣ).[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 343