Низом Ҳоҷӣ Ҳакимзода
Низом Ҳоҷӣ Ҳакимзода (Низом Ҳоҷиевич Ҳакимов; 4 октябри 1962, ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон) — собиқ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (аз 12 январи соли 2017)
Ном ҳангоми таваллуд | Низом Ҳоҷиевич Ҳакимов |
---|---|
Таърихи таваллуд | 4 октябр 1962 |
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» |
Зиндагинома
вироишНизом Ҳоҷӣ Ҳакимзода 4 октябри соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ, соли 2007 Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии соҳаи роҳ хатм намудааст.
Соли 1983 фаъолияти кориашро дар Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ҶШС Тоҷикистон ҳамчун иқтисодчии трест оғоз намуда, минбаъд то соли 2001 дар вазифаҳои муҳосиб-ревизори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, Иқтисодчии пешбари Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиб, муовини сардор, сардори трести «Тоҷикдорстрой»-и идораи автомобилгард, муовини директори корхонаи ДСП Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи иқтисоди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ширкати «Элтес» кор кардааст.
Аз соли 2001-2011 дар вазифаи Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб фаъолият намудааст.
Солҳои 2011-2013 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз 17 январи соли 2014 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.[1]