Николаев Юрий (тав. 14.12.1923, шаҳри Самарқанд – ваф. 07.01.1977, шаҳри Владимири РСФСР), муаррихи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1972), профессор (1974).

Николаев Юрий
Николаев Юрий
Таърихи таваллуд 14 декабр 1923(1923-12-14)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 7 январ 1977(1977-01-07) (53 сол)
Маҳалли даргузашт Владимир ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И Ленин, Институти таърих ва этнографияи АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии шаҳри Владимири Россия
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи таъриху бойгонии шаҳри Москва

Зиндагинома

вироиш

Соли 1948 Донишкадаи таъриху бойгонии шаҳри Москваро хатм кардааст. Солҳои 1948–1949 сардори Архиви марказии давлатии Тоҷикистон, 1949–1950 лаборанти калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1949–1952 аспиранти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, 1952–1958 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС-и донишкадаи мазкур, 1958– 1960 дотсенти кафедраи марксизим-ленинизми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И Ленин буд. Солҳои 1960–1963 дар вазифаи мудири сектори таърихи ҷамъияти советии Институти таърих ва этнографияи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963–1969 дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1973–1977 профессор, мудири кафедраи таърихи ҲКИШ ва коммунизми илмии Донишкадаи политехникии шаҳри Владимири Россия кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 156 асару мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои саноатӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1928–1940, корнамоии фарзандони Тоҷикистон дар набардҳои ҶБВ-ро баррасӣ кардааст. Аз ҷумла дар таълифу таҳрири китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» (дар 4 ҷилд) иштирок кардааст. Иштирокчии 23 конгресс, симпозиум ва конференсияҳои байналхалқӣ буд. Дар тарбияи зиёда аз 44 нафар номзадҳо ва докторони илм саҳми бевоситаи худро гузоштааст. Бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 2, медалу ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  • Дар муҳорибаҳо барои Тоҷикистони Советӣ, Сталинобод, 1956;
  • Очеркҳои таърихи Тоҷикистони Советӣ, солҳои 1917–1957, Сталинобод, 1958;
  • Формирование и рост индустриальных кадров в Таджикистане (1928–1940), Д., 1974.


Пайвандҳо

вироиш