Николай Андреевич Аникин (22 январ 1919, уезди Шатки[d], губернияи Тамбов[d]18 март 1997, Королёв[d], Вилояти Маскав) — арбоби низомии шӯравӣ, майор, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943).

Николай Аникин
Зодрӯз 22 январ 1919(1919-01-22)
Таърихи даргузашт 18 март 1997(1997-03-18) (78 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат sapper[d]
Қисм Размдор, сержанти калон ва лейтенанти хурд
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурх Order of the Patriotic War 1st class Order of the Patriotic War 1st class Ордени Ситораи Сурх Medal "For Courage"

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1936—1939 дар трести бинокории Сталинобод дуредгар буд. Баъд дар заводи чарм кор кард. Соли 1939 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) аз рӯзҳои аввал иштирок намуд. Ноябри 1941 аз шаҳри Вологда ҳамчун фармондеҳи қисми сапёрии баталиони 698-уми сапёрӣ ба ихтиёри фармондеҳии Армияи 27-уми Ҷабҳаи Калинин фиристода шуд. Октябри 1943 ёрдамчии командири взводи сапёрии полки 1318-уми дивизияи 163-юми тирандози Роменск таъйин шуд. 2 октябр дар мавзеи ҷазира Жукови наздикии Киев ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонӣ нишон дод. Гурӯҳи Аникин Николай Андреевич зери тирборони душман қариб тамоми ҳайати полкро ба ҷазира гузаронд. Аникин Николай Андреевич дар рафти задухӯрд 17 гитлерчиро нобуд карда, 183 ҷанговарро аз ҷазира ба соҳили рости дарёи Днепр бурд. Дар чандин амалиёти ҷангии ҳудуди Германия иштирок намуд. Баъди баргаштан аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сохтмонҳои граждании Москва кор кардааст.

Ҷоизаву орденҳо

вироиш

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Сечкина Л. П., Фарзандони шарафманди Тоҷикистон, Д., 1968.

Пайвандҳо

вироиш

  В. В. Примаченко. Аникин, Николай Андреевич. Сайти «Герои Страны».